Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар вилояти Хатлон шашумин шуда аз иҷрои нақшаи солонаи ҷамъоварии пахта мужда расониданд.
Ба ин муносибат шанбеи гузашта дар Қасри фарҳанги ноҳия бо ҳузури намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовинону роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассиса ва деҳқонони соҳибтаҷриба маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Баъди суханронии ифтитоҳии раиси ноҳия Амирбеки Темур, ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми мардуми Ёвонро муовини якуми раиси вилояти Хатлон Қурбонбой Ҳакимзода табрику таҳният гуфта, ба як гурӯҳ роҳбарони хоҷагиҳои пахтакор барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва иҷрои саривақтии нақша «Сипоснома»-и раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналиро супурд. Сипас, дар фазои тантанавӣ, ба як қатор собиқадорони соҳаи кишоварзиву деҳқонони асилу хоҷагиҳои пешқадам, ки дар таъмини нақша саҳми арзанда гузоштаанд, туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим шуд.
Тавре сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Ёқубзода Сафар Холмумин иброз дошт, соли равон заркорони мушкилнописанд дар майдони 11 ҳазору 40 гектар дони умед кишта, дар натиҷаи меҳнати софдилонаю риояи бечунучарою саривақтии қоидаҳои агротехникӣ ба оростани хирмани беш аз 23 ҳазор тоннагии «тиллои сафед» муваффақ гардиданд. Дар ин кор саҳми кишоварзони ҷамоатҳои деҳоти «Ҳаёти нав», «Чоргул», «Норин», «Даҳана» ва ба номи Г. Юсуфова хеле калон аст.
- Дар саҳро ҳанӯз ҳам ҳосил бисёр аст, — афзуд Ёқубзода Сафар Холмумин. – Аз ин рӯ, меҳнаткашон тасмим гирифтаанд, ки дастранҷи бо арақи ҷабин парваришнамударо то пағаи охирин ҷамъоварӣ намуда, дар иҷрои нақшаи пахтаи вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми босазо гузоранд.
Шоёни зикр аст, ки он рӯз иштироки бархе аз собиқ раисони ноҳия, муовинони раиси ноҳия ва собиқадорони соҳаи кишоварзӣ, ки солҳои зиёд бо ҳисси баланди кордонӣ ва масъулиятшиносӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ хизмати пурарзиш кардаанд ва ҳоло ҳам таҷрибаи андӯхтаашонро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия истифода мебаранд, ҷамъомадро шукӯҳу ҷалоли хоса бахшид. Ҳамчунин, бахшида ба ҷашни Меҳргон бо иштироки деҳқонони таҷрибадор дар маркази ноҳия намоиши маҳсулоти кишоварзӣ сурат гирифт.
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло Алиев
АЗ ИДОРА: То кунун дар вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии Сарбанд, Қӯрғонтеппа, Фархор, Данғара, Бохтар ва Ёвон аз иҷрои супориши солонаи пахтасупорӣ дарак додаанд. Ноҳияҳои Вахш, Хуросон, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ торафт ба марра наздик мешаванд.