Бо ибтикори соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло, дар маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомии шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон боғчаи хуштарҳу замонавӣ барои 315 кӯдак бунёд мегардад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, арзиши умумии лоиҳаи боғча 21 миллион сомониро ташкил дода, он дар арафаи ҷашни 29 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
Бинои боғча аз се ошёна иборат хоҳад буд ва баъди ба истифода додани он 35 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»