Заҳмату фидокории модарон ҳамеша қадр мегардад

№ 07.03.2024

Шашуми марти соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки ходимони давлатӣ, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.

Меҳмонону иштирокдорони чорабинии фарҳангӣ нахуст аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни паёми табрикӣ изҳор дошт, ки бузургдошти Рӯзи Модар, ки 15 сол муқаддам бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд, ба модарону бонувони иззатманди тоҷик рӯҳу илҳоми тоза бахшида, гувоҳ аз сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Роҳбари давлат мебошад. Номбурда афзуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занонро баланд бардошта, онҳоро зери таваҷуҳу ғахории доимӣ қарор додаанд.

- Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба мақому манзалати хоса соҳиб гаштани онҳо буда, далели он аст, ки заҳмату фидокориҳои модарону бонувон ҳамеша қадр мегардад, — афзуд ӯ. Нотиқ, ҳамчунин, изҳор дошт, ки ҳоло ҳазорҳо нафар занону бонувони қавиирода ва ҷасуру далери мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рисолати ватандориро адо намуда, баҳри ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини тартиботу оромии ҷомеа масъулияти баланд доранд.

Таъкид гардид, ки бонувони соҳибмаърифат ва бонангу номуси тоҷик бо шукргузорӣ аз соҳибихтиёрии давлат ва фазои орому осудаи кишвар набзи ҷомеаи имрӯзаро хуб дарк намуда, барои таҳкими сулҳу субот, тарбияи фарзандони худогоҳу хештаншинос ва ватандӯсту ватанпараст, татбиқи қонунҳои миллӣ — «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саҳмгузоранд.

 Дар идома аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»