«Зафар» ободтар мешавад

№95 (4357) 22.07.2021

Ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама гӯшаву канори мамлакат корҳои созандагию ободкорӣ идома дорад. Аз ҷумла, дар деҳаи «Зафар»-и деҳоти ба номи А. Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав то ин дам бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинони маҳалла пули маркази деҳа таъмир шуда, варзишгоҳи мавсимӣ, сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ сохта шуд.

Бо сарварии раиси маҳалла Авазмурод Давлатов тавассути ҳашар талу теппаҳо ҳамвор гардида, роҳҳои байни деҳаву кӯчаҳо васеъ карда шуданд. Инчунин, трансформатор ва сеяки симчӯбҳои барқиро иваз намуданд. Бузургтарин иншооти ҷашнӣ бунёди мактаби дуошёна мебошад. Дар амалисозии нақшаҳои зикршуда саҳми соҳибкорони саховатманд Орифҷон Бобоев, Мансур Тошев, Абдуҷалол Қурбонов, Раҳмон Неъматов, Манучеҳр Нуров, Зариф Тӯразода, Толибҷон Бобоев, Абдулазиз Ғозиев, Муҳаммадрасул Расулов ва Раҳматулло Неъматов хеле калон аст.

- Дар он ҷое, ки якдилӣ бошад, обод мегардад. Деҳаи «Зафар» чанд соли охир маҳз аз баракати муттаҳидии сокинонаш симои нав гирифт. Ба ҳар хонавода қубури об кашида шуд. Самаранокии истифодабарии замин баландтар гардид. Боварӣ дорем, ки дар фазои сулҳу ваҳдату якдилӣ минбаъд низ шоҳиди бунёдкорию созандагии зиёд хоҳем шуд, — гуфт раиси деҳоти ба номи А. Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав Дилшод Раҳматуллозода.

Ҳоло соҳибкорону сокинони деҳа тасмим гирифтаанд, ки ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ атрофи пули деҳаро чароғон намуда, бунгоҳи тиббиро ба истифода диҳанд.

Саломат РАСУЛЗОДА,

рӯзноманигор