Зафаробод. Баъзеҳо то кунун моҳияти қонуни миллиро пурра дарк накардаанд

№70 (3864) 07.06.2018

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 — уми июни соли 2007 қабул гардида, 28 — уми августи соли гузашта ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид, барои афзоиши даромади аҳолӣ, беҳтар сохтани шароити зисту манзил, соҳибмаълумоту соҳибкасб намудани фарзандон мусоидат кард.

Прокуратураи ноҳияи Зафаробод иҷрои қонуни мазкурро дар се моҳи соли равон мавриди санҷиш қарор дода, маълум намуд, ки 45 комиссияи ҷамъиятӣ дар корхона, муассиса ва идораҳо вазифаи хешро мувофиқи талабот иҷро менамоянд.

Аз ҳисоботи Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия маълум гардид, ки 152 маърака баргузор шуда, дар онҳо 30 сар чорвои майда забҳ ва 915808 сомонӣ харҷ гардидааст.

- Мутаассифона, то ҳоло ҳастанд нафароне, ки муқаррароти қонунро сарфи назар мекунанд. Масалан, Норматов Акрам Азамович, сокини ҷамоати шаҳраки Зафаробод, деҳаи Логин 21 январи соли 2018, аз соати 11 то 13 дар чойхонаи «Дӯстӣ»- и шаҳраки Зафаробод бо иштироки ҳамсинфон ва рафиқон зодрӯзи худро таҷлил кардааст. Нисбат ба ӯ бо моддаи 481 қисми 1 ҚҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол ва бо қарори суд ҷаримабандӣ гардид, — гуфт ёрдамчии калони прокурори ноҳия Саидмаҳмад Тӯйхонов.

Ҳангоми рейдҳои муштарак фаъолияти тарабхонаҳо, ҳофизон, навозандагон, наворбардорон, карнайнавозон тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда мавриди санҷиш қарор дода шуда, дар шаш ҳолат вайронкуниҳои талаботи қонун ошкор гардид.

К. А. Каримов, сокини Ҷамоати деҳоти «Равшан», деҳаи Ҳаёти нав бо мақсади ба даст овардани даромад бо фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ дар мақомоти андоз машғул гардида, барои баргузории тӯю маъракаҳо дар деҳаи Ҳаёти нави Ҷамоати деҳоти «Равшан» тӯйхона ташкил намуда, 25 феврали соли 2018 дар ҷараёни баргузории тӯйи арӯсу домодии шаҳрванд Б. Т. Рӯзиёв дар тӯйхонаи мазкур ба қонуншиканӣ даст зад.

Нисбат ба ӯ бо моддаи 617 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба Нозироти андози ноҳияи Зафаробод фиристода шуд.

А. Наҷмидинов — сокини ноҳияи Спитамен, Ҷамоати деҳоти «Куруш», кӯчаи Э. Соҳибов, бидуни пешниҳоди маълумот дар бораи тағйир додани самти фаъолияти соҳибкорӣ ба мақомоти андоз ба соҳибкорӣ машғул шуда, ҳамчун наворбардор дар тӯю маъракаҳо хизмат кардааст ва 17 феврали соли 2018 ин ҳолат дар ҷараёни баргузории тӯйи шаҳрванд А. Арзиқулов ошкор гардид.

Нисбат ба ӯ бо моддаи 6301 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъму­рии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба Нозироти андози ноҳияи Спитамен фиристода шуд.

Умуман, аз тарафи прокуратураи ноҳия нисбат ба шаш нафар парвандаи ҳуқуқвайрокунии ­маъмурӣ оғоз ва чор масъули комиссияҳои доимии маҳаллии танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ муҷозот шуда, барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ба раиси ноҳия пешниҳод ирсол гардид.

- Кормандони прокуратура тасмим гирифтаанд, ки якҷо бо масъулини бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии МИҲД — и ноҳияи Зафаробод минбаъд низ баҳри ошкор намудани қонунвайронкуниҳо чора андешида, дар таъмини некуаҳволии мардум саҳмгузор бошад, — гуфт С. Тӯйхонов.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»