Зафаробод: Эътибор ба муроҷиати шаҳрвандон

№21 (4604) 06.02.2023

Дар ноҳияи Зафаробод ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба ҳалли масъалаҳои шаҳрвандон эътибори саривақтӣ дода мешавад.

Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки дар натиҷаи баррасии саривақтии муроҷиатҳо ва ҳалли масоили иҷтимоии мардум солҳои охир теъдоди муроҷиаткунандагон кам мегардад. Соли 2022 ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ҳамагӣ 2616 муроҷиати хаттии сокинон ворид гардидааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 257 адад кам мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз тарафи роҳбарияти ноҳия қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои муайян гузаронида шуда, ҳамаи муроҷиатҳо дар муҳлати муайян мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Мухтори Абдулло,

 «Садои мардум»