Мушкилот ва пешниҳод

Захираҳои табиӣ метавонад ба ободии роҳҳои маҳаллӣ мусоидат кунад

№15 (4598) 20.01.2023

ФабрикаОбодсозии роҳи Дашти дилӣ, Ғаллазори ноҳияи Восеъ то Сардизи ноҳияи Темурмалик иқдоми хеле муҳим ва саривақтист. Аз ин лиҳоз, ташаббуси рӯзноманигор ва адиб Садриддин Ҳасанзода, ки мусоидат кардааст, то соҳибкорони маҳаллӣ дар сохтмони ин роҳ саҳм гузоранд, аз гӯшаи ватандӯстист. Мардум медонанд, ки бо талоши ӯ МТМУ №56 дар ноҳияи Восеъ, чоҳи об, мағоза сохта шуда, дигар иншооти фарҳангӣ таъмир гардиданд.

Ин талу барзан макони ғалла, хӯроки чорвост, ки барои мардуми деҳаҳои гирду атрофи Кадучӣ манбаи рӯзгузаронӣ ба ҳисоб меравад. Ғаллазор-ҷойи бофайзу баракат, мавзеъест, ки аз он беҳтарин нӯшу неъмат «ҷорӣ» мешавад. Мардум он ҷо аслан ба чорводорӣ ва ғаллакорӣ машғул буданд. Подаи деҳаи Кадучии боло, Кадучии мобайн, Кадучии поён ва Дашти дилиро ҳам бо ҳамин роҳи мавриди матлаб ба чарогоҳ мебурданд ва меоварданд.

 Мавзеи Сардиз, Шар-Шар, Каримбердӣ солҳои 30-юм то 50-уми асри гузашта ғаллаи вилоятро таъмин мекард, захираҳои табиӣ – иқлим ва обу замин самаранок истифода мешуданд. Саркорони номӣ Салим Орзу, Карим Раҳим, Қаҳрамони меҳнат — Бобошоҳи Шариф, Одинаи Остона дар давраи роҳбариашон дар хоҷагии ба номи «Коммунизм» (баъдан ба номи Ғоиб Сафарзода) анборҳои хоҷагиро аз гандум, нахӯд, ҷав пур мекарданд. Ғалларо дар хирман мекӯфтанд ва бо чигина бо ҳамин роҳ мекашониданд. Мардум ба қад­ри ғалла мерасиданд ва онро ба ояндагон талқин мекарданд, чунки ғалла сарнеъмати ҳамаи неъматҳо ва сармояи зиндагист. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ сокинони шаҳри Ленинград 900 рӯз дар муқобили душманони саропо бо силоҳ истодагарӣ карданд, барои он ки манбаи таъмини ғизо дош­танд, тавассути кӯли Ладога орд мегирифтанд.

Аз мавзеи Ғаллазор то мавзеи Тангатовтии ноҳияи Кӯлоб фақат роҳи пиёдагард вуҷуд дошт. Солҳои 30-юми асри гузашта мардум пиёда, харакиву аспакӣ ин роҳҳоро тай менамуданд. Баъд тавассути Дашти дилӣ роҳи мошингарди хокӣ сохтанд. Роҳҳо ноҳамвору душворгузар буданд, кори хоҷагидориро дар фаслҳои гуногуни сол мушкилтар мекарданд, вале кор иродаи мардуми меҳнатқаринро шикаста наметавонист.

Бо навиштаҳои муаррихону рӯзноманигорон дар бобати мардони баору номуси ин мавзеъ барвақт ошно будам. Солҳои охиру аввали 50-уми асри гузашта бо фарорасии тирамоҳ мавсими ғунучини пахта оғоз мегардид. Устоди пахтаи Тоҷикистон — Абдуллоҳи Ҳасанро барои соҳиб шудан ба ҳосилнокии баланди пахта дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ (НКХХ) даъват карданд ва аз он ҷо бо ордену медал баргашт. Чунин деҳқонони асил, фидокорони арсаи меҳнат кам набуданд, ки бунёдкориҳояшон дар таърихи ноҳия сабт шуданд. Мардум ба онҳо то ҳол бо чашми ифтихор нигоҳ мекунанд.

Дар ёдам ҳаст, ки ҳамроҳи тағоямон Ҷумъахони Умар ба Ғаллазору Сардиз савдогарӣ мераф­тем, барои таъмини ниёзмандии мардум матоъ, қанд, чой, шакар, собун мебурдем. Ҷумъахони Умар ҷавонмарди фарҳангдӯсту андешавар буданд. Ҳоло фикр мекунам, андешаҳояш пештар аз андешаи рӯз буданд. Пешниҳодҳое, ки ӯ дошт, барои дигарон афсона менамуд. Шодравон фарзандони донишманд, меҳнатдӯст тарбия кард, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо меҳнати ҳалолу беғаразашон соҳибэҳтироманд.

 Роҳҳои ноҳамвор ва душворгузари ин мавзеъ то ҳол дар хотирам боқӣ мондааст. Як сабаби ба таҳдашт ба харидорӣ наомадани мардуми ин мавзеъ низ ҳамин мушкилоти роҳ буд.

 Коре, ки нависанда Садриддин Ҳасанзода ва шогирдонаш — Азизуллоҳи Мирзозода, Искандари Носир ба анҷом мерасонанд, дар таърихи Ғаллазору Сардиз кирои арҷгузорист. Аслан ободӣ аз роҳ сар мешавад. Роҳҳо роҳату зинати зиндагианд. Бовар дорам, ки сартосари талу барзани мавзеъ тавассути дастгирии ҳамин ашхоси саховатпеша боғу бӯстон мешавад. Ғаллазор обҳои мусаффо, равон дорад. Манбаи дигари рушди хоҷагиҳо чашмаҳои Кушк­теппа, Шар-Шар ва Эшонқудуқ мебошанд. Ҳамон солҳо зеҳни тағоям — шодравон Ҷумъахони Умарро бунёди ҳавзҳо дар ин мавзеъ машғул мекард. Мегуфт, ки аз оби фаровоне, ки аз мавзеи Оби мазори Ҳазрати Султон ҷорӣ мешавад, самаранок истифода бояд кард, моҳипарвариро дар ин рӯди кӯҳӣ ривоҷ бояд дод. Ин мавзеъ барои парвариши моҳӣ хеле мувофиқ аст. Аз обҳои равони ин диёр мардум дар гузашта бо чач, тӯр ва шаст моҳии фаровон мегирифтанд. Ҳатто ба бозорҳои Кӯлобу Восеъ ва Қизилмазор бурда мефурӯхтанд. Парвариши моҳӣ дар ин ҳудуд ғизои иловагӣ талаб намекунад, ғизояшон қамишу решаи алаф асту партови коҳу дон. Дар он ҷо бунёди ҳавзҳои зиёди моҳипарварӣ зарур асту халос. Сифати моҳии ин мавзеъҳо аз ҷиҳати экологӣ фарқкунанда буда, бунёди ҳавзҳо барои ҳалли мушкилоти ғизо, рушди саноати хӯрокворӣ мусоидат намуда, дар таъмини ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат нақш мебозад. Муҳим аз ҳама, боиси пешрафти таъмини зиндагии шоистаи сокинони минтақа ва пайдо гаштани ҷойҳои нави кор мегардад, ки инро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳанӯз соли 2013 дар Паёми солона­ашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда буданд:  «Аҳолии Тоҷикистон сол аз сол меафзояд… Бинобар ин, масъалаи муҳайё намудани ҷойҳои нави кор яке аз масъалаҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар мебошад».

Дар мавзеи Ғаллазор обравҳо, хамгаштҳо, талу барзани ҳавзбоб зиёданд. Агар соҳибкорону хоҷагидорони мо ба ҷойи бунёди хонаҳои боҳашамат захираҳои табииро самаранок истифода баранд, бозори Кӯлоб, ҳатто Душанберо бо моҳии арзон таъмин хоҳанд кард. Барои рушди моҳипарварӣ дар ин мавзеъ танҳо тухмии аълосифат зарур аст. Дар обанборҳо тухми моҳиро мепартоӣ, моҳичаҳо ба таври табиӣ инкишоф меёбанд. Дар боробари ин дар ин ҳавзҳо фарзандону наберагон шиновариро меомӯзанд. Дарвоқеъ, ҳоло ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ аз надоштани тамрини шиноварӣ зиёд шудааст. Ин мавзеъро Эшонқудуқ ном мебурданд. Аслан, мардуми подомани кӯҳи Сардиз поён фаромада, Қудуқро ишғол карданд, ки он ба хотири оби мусаффо ва чарогоҳҳояш буд. Поёни Ғаллазор, ҷойи ҳозираи деҳоти ба номи М. Вайсов ҳама туқайзор, шибарзамин буд. На харакӣ рафта мешуду на пиёда, на аспсавор. Аз ин мавзеъ чунин ҳолат то деҳаҳои Кашар, Қайнар, Ҳулбуку Гулис­тон идома меёфт. Дар гузаш­та Ғаллазор чорроҳа буд. Мо аз ин тараф меомадем, мардуми Қизилмазор (Темурмалик) аз он тарафи офтобшин, мардуми Кӯлоб аз самти офтоббаро. Роҳи панҷум ҳам дошт: аз тарафи Шар-Шар. Ин роҳ роҳи кӯтоҳтарин ба Балҷувону Ховалинг буд, ки ба тарафи шимол мерафт.

Садриддин Ҳасанзода мегӯяд: — Аз баракати кӯшишҳои шогирдони ӯ аллакай як тарафи роҳ омода мешавад ва се тарафи дигар ба ҳам мепайванданд. Бояд гуфт, ки дар ин самт, ҳоло ҳам мушкили роҳ вуҷуд дорад. Дарвоқеъ, хароҷоту роҳ зиёд аст. Кори бузург бе хароҷот анҷом намеёбад, вале баробари истифодаи роҳ хароҷот пӯшонда мешавад. Барои ободии роҳҳои вайрони деҳот корҳои муҳимро ба сомон расонда, саъю талош кардан лозим. Мардум он замон, гарчанде техника ва технология ба ин дараҷа тараққӣ накарда буд, барои ободию рушди деҳаҳои хеш талош мекарданд. Аз ин лиҳоз Президенти мамлакат дар Паёмашон ба мардуми шарифи Тоҷикистон таъкид карданд, ки: — «Дар чунин шароит мо бояд ба истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, пеш аз ҳама, замин ва об, мунтазам зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва дар баробари ин, ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ ниҳоят ҷиддӣ муносибат кунем».

Агар роҳи мазкур босифат бунёд шавад ва ба нуқоти Сардиз, Шар-Шар, Кушктеппа, Ғурулдӣ, Қиблаӣ расонда шавад, бешак боиси рушди соҳаҳои гуногун дар минтақа мегардад. Воқеан, дар ҷое, ки захираҳои табиӣ надорад, сохтмони роҳҳо самарабахш нест, аммо дар ҷое, ки захираҳои зиёди табиӣ дорад, чаро онро самаранок истифода набарем? Захираҳои табиӣ метавонанд дар рушди роҳҳои маҳаллӣ саҳми босазо гузоранд. Умед аст, ки то ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин кор ба сомон расонида мешавад. Дар ин мавзеъ захираи бузурги нефт мавҷуд аст, ки тибқи таҳлилу ташхиси мутахассисон, барои таъмини сокинони минтақа, то 80 сол мерасад. Аз ин мавзеъ ба шаҳри Кӯлоб ва Ховалинг хатти газ кашида буданд, бензин ҳам истеҳсол мешуд, аммо дигар имкон нашуд, зеро технологияи муосир даркор буд. Аз ин дастовард танҳо ёде дар хотираҳо боқӣ мондаасту халос.

 Бояд иқрор шуд, ки аз деҳаи Кадучӣ то Ховалинг қариб, ки ҷойи оббозӣ нест, ҳол он ки варзиш гарави саломатӣ аст. Мо бояд дар ин ҷода бо як тир чанд нишон занем: ҷойи машқу тамрини шиноварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти моҳиро дар сар дошта бошем.

Агар ба деҳоти қад-қади роҳи Дашти дилӣ то Балҷувону Темурмалик дуруст назар кунем, афзоиши аҳолии деҳотро мебинем. Захираҳои меҳнатӣ зиёд мешаванд ва қувваҳои меҳнатиро тақозо мекунанд. Агар аз масъулин таваҷҷуҳ зоҳир шаваду соҳа рушд ёбад, бешак иқтисодиёт пешрав, сатҳи зиндагии мардум хубтар мешавад, ободӣ авҷ мегирад. Аввал роҳ, баъд ободонӣ гуфтаанд.

Чор чиз ба одам зарур аст: замин, хок, роҳ, об. Мо ҳамаи ин зарфиятҳоро дорем. Силсилаҳавз­ҳоро ҳар чӣ зудтар бояд сохт, то зудтар самара орад. Мо даст болои даст монда интизор шавем, ки касе барои мо ободӣ мекунад, ин пиндори ғалат аст. Агар 50 ҳавз созем, барои садҳо одам ҷойи кори доимӣ муҳайё гардида, шиддати бекорӣ коҳиш меёбад.

Сарватмандони кишвар зиёданд, вале на ҳама барои ободии маҳали худ талош мекунанд. Таъкиди Суқротро фаромӯш набояд кард: «Ман мехӯрам, ки зиндагӣ кунам, на зиндагӣ мекунам, ки бихӯрам» ва тақвияти дигар: Дар ҳадис омадааст, ки: «Ҳар кӣ мушкили бандагони Худоро дар ин дунё осон кунад, мушкилоташ дар он олам осон мегардад». Роҳи инсонҳо, аввал аз пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек осон мегардад. Мо бояд захираҳои кишварро самаранок ва ба фоидаи мардум истифода барем. Мақсади Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ аз эълони 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ рушди саноат ва аз ниёзмандӣ раҳонидани мардум аст.

Дар фарҷоми сухан иброз менамоем, ки роҳи мошингард-роҳи таъмини ғизо, роҳи тиҷорат, саёҳат, сиёсату фарҳанг, технологияи навин ва илм маҳсуб меёбад. Роҳро бояд сохт!

Раҷаб Мардон,

 нависанда