Номи нек – самараи аъмоли нек

Замин аз ҳимматаш шодоб гардид

№37-38 (4620-4621) 15.03.2023

IMGТоҷикистон диёри кӯҳҳои сарбафалак, пиряхҳои азим, рӯду дарё ва чашмаҳои обашон зулолу шифобахш буда, сарзамини дорои фарҳанги қадимаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Мувофиқи гуфти бостоншиносон, мардуми тоҷик аз қадимулайём ба боғу токпарварӣ ва ғаллаю сабзавоткорӣ машғул буда, ба мардуми бодиянишини атроф низ асрори кишоварзиро ёд додаанд.

Дар асри XX бо дастрас шудани техникаи муқтадир ва бунёди обанбору иншооти азими соҳаи обёрӣ ҳазорон гектар заминҳои асрҳо ташналабу бекорхобидаи водии Вахш, даштҳои Мирзочӯлу Дилварзин, Сомғору Хоҷабоқирғон, Ёвону Обикиик ва Данғараю Бешканд шодоб гардиданд. Яке аз шодобгарони дашту пуштаҳои асрҳо ташналаби ҷумҳурӣ Ирригатори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби ҷумҳурӣ, вакили Шӯрои Олии ИҶШС (даъвати 11), вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 10-11), шодравон Абдукарим Қосимов мебошад. Номбурда 41 соли умри бобаракаташро сарфи обёрӣ ва азхудкунии заминҳои бекорхобида намудааст.

Қаҳрамони матлаб 10-уми марти соли 1933 дар деҳаи Қулангири ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Ғафуров) ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 14-и деҳаи Унҷӣ, соли 1951 ба Донишкадаи кишоварзӣ (ҳоло ДАТ) дохил шуд. Ӯ соли 1956 донишкадаро бо ихтисоси «гидромелиоратор» хатм намуда, барои шодоб кардани дашти ташналаби Сомғор ба ноҳияи Хуҷанд рафт. Моҳҳои аввали кор барояш хеле душвор буд. То насб кардани хаймаҳои нахустин чандин шабро дар ҳавои кушод рӯз намуд. Тайи ду соле, ки ӯ дар ин дашти асрҳо бекорхобида фаъолият намуд, тавассути насосҳои шинокунанда ба баландии 136 метр об баромад. Оби Сирдарё дар оғоз 4000 ва баъдтар 9000 гектар замини навкорами Сомғорро шодоб кард. Дар собиқ дашти ташналаб хоҷагиҳои нави «Ситораи сурх» ва ба номи Исмоил Ҳамзаалиев таъсис ёфтанд, ки соҳаи асосиашон сабзавоткорӣ, боғдорӣ ва токпарварӣ буд.

Он солҳо корхонаҳои нассоҷии Иттиҳоди Шӯравӣ ба нахи пахта ниёз доштанд. Аз сабаби афзудани талабот ба истеҳсоли пахта масъалаи аз худ намудани заминҳои бекорхобида ба миён омад. Чунончи, моҳи ноябри соли 1958 масъалаи азхудкунии дашти Мирзочӯл ба миён гузошта шуд. Аз ин рӯ, беҳтарин мутахассисон, ҷавонмардони ғайратманду шуҷоъ ва фаъолу кордонро ба ин иншооти муҳим мефиристоданд, ки Абдукарими 25-сола низ дар байни онҳо буд. Ӯро сармуҳандиси муассисаи «СМУ-22» таъин карданд. Фотеҳони дашти лабташна аз моҳи январ то апрели соли 1959 дар ҳамин вагончаҳо мезистанд. Кор дар ду ҷанба ҷараён дошт. Дар обанбор насосҳои обкашӣ насб мекарданду дар як гӯшаи дашт хонаҳои истиқоматӣ месохтанд. Коргарон ҳамон сол қариб дар 40 хона бӯрёкӯбон карданд.

Зимни таҷлили 60-солагӣ Абдукарим Қосимов солҳои дар дашти Мирзочӯл кор карданашро чунин ба хотир овардааст: «Мирзочӯл ба монанди кафи даст холӣ буд, на обе буду на дарахте. Шамолҳои сахт дошт. Тобистонаш хеле гарму зимистонаш сард. Умуман, нишонаҳои ҳаёт ба назар намерасид. Барои азхудкунии дашти Мирзочӯл 13 соли ҳаётамро бахшидам».

Вақте ба дашти Мирзочӯл об омад, майдонҳои пахтаю сабзавоткорӣ пайдо шуданду соли 1966 ноҳияи нав бо номи Зафаробод таъсис ёфт. Аз ноҳияи Айнӣ ва кӯҳистони Мастчоҳ ҳазорҳо оила барои азхудкунии заминҳои навкорам ба ноҳияи Зафаробод омаданд.

Собиқ муовини раиси вилояти Суғд М.В. Мамадҷонов нақл кардааст, ки соли 2003 як гурӯҳ намояндагони Корхонаи «Уралмаш»-и Федератсияи Россия ба ноҳияи Зафаробод омада, бо кори насосҳои обкашӣ ошно шуданд. Вақте санаи истеҳсоли насосҳоро диданд, дар ҳайрат монданд, зеро насосҳо 41 сол боз мунтазам кор мекарданд. Ҳол он ки мувофиқи нишондод бояд 25 сол кор кунанд.

Дар баробари азхудкунии заминҳои навкорам дар ноҳияи навтаъсис биноҳои замонавии истиқоматӣ, иншооти хизмат­расонӣ, биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои тандурустию маориф ва корхонаю муассисаҳо бунёд ёфтанд, ки дар тарҳрезию сохтмони онҳо саҳми Абдукарим Қосимов зиёд буд. Аз ин рӯ, соли 1972 ӯ бо Ҷоизаи ленинии Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуд.

Мавсуф солҳои 1972-1980 дар Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об, баъдтар Раёсати сохтмони об, «Главтаджикводстрой»-и Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Иттиҳоди Шӯравӣ роҳбарӣ кард. Дар он айём барои аз худ кардану обёрии заминҳои бекорхобидаи доманакӯҳҳои водии Қаротегин (Рашт), вилоятҳои Ленинобод (ҳоло Суғд), Кӯлобу Қӯрғонтеппа (ҳоло Хатлон) ва ВМКБ оғоз ёфта, корҳои зиёде ба иҷро расиданд. Ба гуфти Муҳиддин Зоҳидов, дар он солҳо майдонҳои обёрии даштҳои Ёвону Обикиик, Сомғор, Хоҷабоқирғон, Дилварзин, Марғедар, Данғара, Бешканд, Ашт, Ӯртабуз, Қумсангир, Қародум васеъ шуда, дар ноҳияҳои Москва (Ҳамадонӣ) ва Фархор заминҳои нав аз худ гардиданд.

Ин фидоии касби хеш дар баробари қобилияти кордонӣ ва ташкилотчигӣ дош­тан бо ҳамкорон ҳамеша хушмуомила буд. Дар ин хусус собиқ сармуҳосиби Колоннаи механиконидашудаи рақами 10 ва Трести «Душанбеводстрой» Ҷӯра Заробеков чунин ёдовар шудааст:

«Солҳои тӯлоние, ки мо бо Абдукарим Қосимов якҷоя кор мекардем, надидаам, ки он кас нисбат ба ягон шахс бо садои баланд ё қаҳролуд сухан гуфта бошанд. Он кас хеле одами поквиҷдон буданд. Ҳама вақт ба зердастон таъкид мекарданд, ки нисбат ба молу амволи давлат софдилона муносибат кунем, моликияти ҷамъиятиро ҳифз намоем ва бо касоне, ки ба моликияти ҷамъиятӣ хиёнат мекунанд, муборизаи оштинопазир барем».

Абдукарим Қосимов барои фаъолияти пурсамар бо ду ордени «Байрақи сурхи меҳнат», орденҳои «Нишони фахрӣ» ва «Дӯстии халқҳо», инчунин «Ифтихорнома»-и Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.

Ин шахсияти барои халқу миллат дилсӯз дар тарбия ва ба воя расонидани кадрҳои маҳаллӣ, алалхусус, муҳосибон саҳми калон дошт. Тавре Ҷӯра Заробеков иброз намудааст, Абдукарим Қосимов ҳамеша таъкид мекард, ки ҷавонони лаёқатмандро аз маҳалҳои атрофи иншоотҳои системаи мелиоратсия ва хоҷагии об интихоб намуда, ба курсҳои яксолаи тайёр намудани муҳосибон фиристода шаванд. Хароҷоти таҳсили онҳо аз ҳисоби фонди тайёрии кадрҳо пардохт мешуд. Ҳар сол ин курсро 25-30 нафар ҷавонон хатм мекарданд. Дар натиҷа, тайи даҳ соли таҷриба қариб 70 дарсади муҳосибони системаи обро ҳамин ҷавонон ташкил дода, дар назди Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби ҷумҳурӣ як тими пурқуввати муҳосибон таъсис ёфт.

Мавсуф зимни сафари хизматӣ ба кишварҳои Мисру Исроил бо усули обёрии қатрагӣ шинос шуд. Дар ин кишварҳо дарахтони боғу хиёбонҳо ва истироҳатгоҳҳо бо усули қатрагӣ обёрӣ мешаванд. Аз шаҳри Қоҳира то Искандарияи Миср, ки масофаи тӯлониро дар бар мегирад, дарахтон бо ҳамин усул обёрӣ мегарданд.

Номбурда аз мушоҳидаҳояш ба хулосае омад, ки агар дар ҷумҳурии худамон низ ин усул ба роҳ монда шавад, ботлоқшавии заминҳо, шусташавию шӯразании хок ва фарсудашавии заминҳо пешгирӣ мешавад. Ӯ, ки дар бунёди туннели Данғара саҳм дошт, мехост дар ноҳияи Данғара обёрии қат­рагиро пурра ба роҳ монад. Сад афсӯс, ки риштаи умри ин фарди ободгару ватандӯст дар 64-солагиаш ба таври фоҷиавӣ канда шуд. Агар зинда мебуд, 10-уми март 90-сола мешуд.

Ба гуфти собиқ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Тӯраев, дар давраи ба системаи обёрикунии ҷумҳурӣ роҳбарӣ кардани А. Қосимов дар кишвар 250 ҳазор гектар замин обёрӣ карда шудааст. Дар бораи фаъо­лияти пурсамари Абдукарим Қосимов дар «Ирригационная цивилизация» ном китоби доктори илмҳои таърих Ҳабибулло Холҷӯраев маълумот дода шудааст. Месазад, ки дар бораи корномаи чунин ашхоси некуном зиёдтар гӯему нависем, то насли имрӯз аз онҳо ибрат гирифта, дар пешравии ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»