Бо мақсади амалигардонии кафолатҳои конститутсионӣ суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон муқаррар намудаанд, ҳифз намояд.
Бо ҳамин васила суд вазифаи конститутсионии худро ҷиҳати таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасонад.
Адолати судӣ дар заминаи асосҳои демократие ба амал бароварда мешавад, ки онҳо аз моҳияту вазифаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд бармеоянд. Ин асосҳоро принсипҳои адолати судӣ меноманд, ки онҳо дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо муқаррар карда шудаанд.
Амалӣ гаштани адолати судӣ шакли махсуси фаъолияти давлатие мебошад, ки бо ҳалли ҳама гуна баҳсҳо оид ба вайрон шудан ё эҳтимолияти вайрон шудани тартиботи ҳуқуқӣ алоқамандӣ дошта, мутобиқи тартиби бо қонун муқарраргардидаи шаклҳои мурофиавӣ бо риоя намудани қоида, тартиб ва принсипҳои истеҳсолоти судӣ ба иҷро расонида мешавад.
Зиёда аз ин, адолати судӣ фаъолияти дастаҷамъонаи суд ё фаъолияти танҳои судя дар суди марҳилаи якум, дастаҷамъона – дар судҳои болоӣ ва ҳангоми дида баромадани парванда бо сабаби ошкор шудани ҳолатҳои нав мебошад.
Ҳуқуқи истисноии суд оид ба пешбурди адолати судӣ дар он ифода меёбад, ки фаъолияти суд бо тартиби махсуси баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳо амалӣ гардида, он дар фаъолияти дигар мақомоти давлатӣ пешбинӣ нашудааст.
Ҳокимияти судӣ дар шаклҳои муайянкардаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо татбиқи адолати судиро таъмин менамояд.
Бо мақсади таҳия намудани таклифҳо оид ба гузаронидани ислоҳоти судӣ, хоста гирифтан, пешбарии номзадҳо ба мансаби судягӣ, озод намудани судяҳо аз вазифа, ташкил намудани имтиҳоноти тахассусӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999 таҳти №48 мақоми коллегиалӣ-Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Бо тағйироти аз 14 марти соли 2003 ба фармони мазкур воридшуда Шӯрои адлия дар ҳайати ҳафт нафар мувофиқи мансаб аз ҷумлаи намояндагони ҳокимияти судӣ, иҷроия ва қонунгузор муайян гардидааст. Тартиби ташкил, вазифа ва салоҳияти Шӯрои адлияро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим мекунад.
Таъсис додани чунин мақоми коллегиалӣ аз таъмини тарзи демократии пешбарӣ, муайян кардани дараҷаи омодагӣ ва тавсияи номзадҳои арзанда ба вазифаи судягӣ, ҷобаҷогузории кадрҳои судӣ шаҳодат медиҳад.
Шӯрои адлия барои амалӣ намудани вазифаҳои дар наздаш гузошташуда дар муносибат бо судҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, тибқи тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъйин ва озод намудани судяҳои судҳои ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе пешниҳод ирсол менамояд, дигар ваколатҳои муайяннамудаи қонуни конститутсионии мазкур ва қонунҳоро анҷом медиҳад.
Шахсоне, ки бори аввал ба вазифаи судя пешбарӣ мешаванд, бо пешниҳоди комиссияи имтиҳонии Шӯрои адлия метавонанд ба муҳлати як сол ба сифати коромӯз-судя фаъолият намоянд.
Қонунгузор ба моҳияти ахлоқӣ, шарафноку масъулиятноки вазифаи судя аҳамияти махсус дода, шахсеро, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин мешавад, вазифадор намудааст, ки дар вазъияти ботантана дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъомади судяҳо савганд ёд кунад. Матни он дар моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 26 июли соли 2014 № 1084) муайян шудааст.
М. А. ДОДОЗОДА, котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе