Ҳаждаҳ сол қабл ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки дар саргаҳи он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ба имзо расида буд. Бидуни шакку шубҳа метавон гуфт, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, зеро маҳз ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард. Ба сифати корманди мақомоти судӣ ва дар заминаи таҳлили амиқу доманадор муътақидам, ки ҳар як фарди Тоҷикистон амиқан дарк намудааст, ки Ваҳдати миллӣ барои мардуми кишвари мо хеле азизу муқаддас аст, зеро маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва ибтикороти бунёдкорона ва ватандӯстонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ истиқрори Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар таъмин гардида, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам шуд. Маҳз баъди ба имзо расидани ин санади муҳими таърихӣ дар мамлакати мо марҳилаи сулҳу субот, ба Ватани аҷдодии худ баргаштани гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ, инчунин давраи корҳои барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз шуд. Ба ибораи дигар, дар заминаи сулҳу субот мардуми шарифи кишвар тавонистанд дар ҷодаи таъмини рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузоранд.
Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки хоксорӣ рукни асосии фаъолияти созанда ва хирадмандонааш маҳсуб меёбад, дар яке аз суханрониҳояшон минҷумла зикр намуда буд, ки «дар ин раванди неку созанда мо, пеш аз ҳама, ба ақлу заковати азалии мардумамон такя кардем.Зеро табиати миллати тоҷик аз сифатҳои дӯстиву рафоқат, ватанпарастиву садоқат ва дӯстдории фарҳангу маърифат сиришта шудааст ва ҳамин фазилатҳои Худодод дар он айёми тақдирсоз нақши барҷаста бозиданд». Дар заминаи имзои Созишномаи фавқуззикр миллати шарафманди тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат, яке аз миллатҳои соҳибмаърифату мутамаддин ва хирадпешаву сулҳдӯст мебошад ва қодир аст, ки дар марҳилаҳои таърихиву тақдирсоз роҳи ҳалли осоиштаи мушкилоти бамиёномадаро пайдо намояд.
Имрӯз кулли сокинони кишвар бояд дарк намоянд, ки маҳз аз баракати сулҳу ваҳдат имкон фароҳам гардид, ки рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин гардад. Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид карда буд, ки «борҳо гуфтаам ва бори дигар изҳор медорам, ки ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободонии Ватани азизамон мебошад. Ваҳдати миллӣ танҳо дар сурате таъмин ва тақвият меёбад, ки таъмингари ин падида — миллат, халқ ва давлати миллӣ муттаҳид, яктану якдил бошанд ва давлат барои амалӣ гардидани ваҳдат аз тамоми имконияту воситаҳо ва роҳу усулҳо мақсаднок истифода намояд». Боиси ифтихор ва арзандаи арҷгузорист, ки маҳз соҳибистиқлолии кишвар имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки мо андешаи Ваҳдати миллиамонро ба вуҷуд орем ва роҳу равиши халқамонро ба сӯйи оянда муайян созем.
Мо — кормандони мақомоти судӣ ҳамрадиф бо қишрҳои ҷомеа барои баланд бардоштани сатҳи маърифату шуури миллии мардуми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқи кишвар ва рушду тараққиёти мамлакатамон тамоми неруи зеҳнӣ ва имконоти мавҷударо самарабахш истифода намуда истодаем. Ваҳдати миллӣ ба сифати неъмати бебаҳо ва дастоварди камназир, ба таъбири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем».
Биноан, вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву рисолати инсонии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти халқи мо таҳкими дӯстиву бародарӣ, сулҳу созиш, тақвияти Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мебошад
Шараф Турсунзода, судяи Суди ноҳияи Айнӣ