Дар нимаи дуюми асри ХХ ва ибтидои асри ХХI дар қатори масоили экологии ҷаҳон ва зиёдшавии аҳолии кураи замин, мушкилоти наве бо номи терроризму экстремизм ва радикализм рӯи кор омад, ки ба проблемаи глобалии олам табдил ёфт. Вайрону валангор намудани объектҳои махсусан муҳим, оташ задани манзилгоҳҳо, мактабҳо, иншооти таърихӣ, куштор ва қасдан расонидани зарар ба саломатии одамон, рабудани инсонҳо, гаравгон гирифтан, таҳдиди куштан намудан ва ғайраҳо аз зумраи шаклу намудҳои ҷиноятҳои ин зуҳуроти номатлуб ва хатарзои ҷомеа маҳсуб меёбад.
Хулоса, ҷаҳони муосир дар раванди якшавии тамаддунҳо ба барҷомонӣ ва таҳдидҳои ҷиддие рӯ ба рӯ шуда истодааст, ки он хавфи зиёдеро ба амнияти воқеии давлатҳо, пеш аз ҳама, ба бехатарии ҳаёти инсонҳо ба миён овардааст. Абарқудратҳо ҷаҳонро бо сенарияи коркардшудаи навин тақсимот намуда, вазъро муташанниҷ мегардонанд. Хатари омезиши дину мазҳабҳо ва тафриқа андохтан дар байни онҳо ба василаи муҳими мубориза мубаддал гардидааст. Шомилшавии бархе аз ҷавонони гумроҳ ба гурӯҳҳои алоҳидаи ифротӣ, ба монанди «Ҳизби исломии Туркистон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҳизб-ут-таҳрир», ҷамоатҳои «Ансоруллоҳ», «Содиқлар», «Таблиғ», созмонҳои «Ҷиҳоди исломӣ», «Ҷундуллоҳ», « Ансоруллоҳ», ҷараёни динии «Салафия» ва ғайраҳо ба ин маънӣ далолат мекунанд, ки аз тарафи абарқудратҳо сармоягузорӣ мешаванд.
Тадқиқот нишон медиҳад, ки радикализм маҳсули эҷоди идораҳои иктишофӣ мебошад, зеро солҳои ҳаштодуми асри гузашта маҳз бо ташаббус ва дастгирии молиявию сиёсии бархе аз давлатҳо барои муқовимат алайҳи фаъолияти коммунистҳо «Ал-қоида»-ро ба таври сунъӣ тавлид намуда буданд. Дар натиҷаи муборизаҳои ҷаҳони сотсиализм ва капитализм монеаҳо ва мушкилоти нав пайдо шуданд, ки даҳсолаҳо ҳаллу фасли онҳо барои инсоният чун муаммои сарбаставу нокушоданӣ боқӣ хоҳанд монд. «Толибон»-ро дар Покистон ва Афғонистон маҳз идораҳои ҷосусӣ ба вуҷуд овардаанд, ки айни ҳол аз доираи таъсири онҳо берун мондааст.
Мафҳуми «радикализми исломӣ»-ро дар расонаҳои хабарӣ вақтҳои охир бисёр вомехӯрем, вале вақте ба сарчашмаҳо менигарем, он асоси илмӣ надорад. Мафҳуми «радикал» на танҳо дар таърихи ислом, балки дар дигар дину оинҳо низ вуҷуд надоштааст. Он маҳсули тахайюлоти институтҳои сиёсии давлатҳои абарқудрат аст. Воқеаҳои талхи кишварҳои Сурия, Ироқ, Либия, Афғонистон ва дигар минтақаҳои даргир собит месозанд, ки баробари мудохила ва дастгирии ҳарбиву иқтисодӣ як қатор давлатҳо гурӯҳҳои террористиро ошкоро дастгирӣ менамоянд. Аз ин ҷост, ки Россия тайи чанд соли охир қувваҳои ҳарбии худро ба муқобили ба ном «Давлати исломӣ» гузошта бошад ҳам, аз ҷониби бархе аз давлатҳо дастгирӣ наёфтааст.
Давлатҳои абарқудрат тибқи барномаҳои тарҳрезишуда аз фазои носолими сиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ, ақлонӣ ва илмии минтақаҳои мувофиқи иқтисодӣ истифода намуда, дар зери ниқоби ислом идеологияи муқтадири ҳадафмандонаро ба манфиат истифода менамоянд.
Ташвиқи терроризм, экстремизм ва радикализм имрӯз тавассути воситаҳои ахбори омма, ки ба террористон хизмат менамоянд, сомонаҳои интернетии ифротӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзномаву маҷалла ва варақаву дастурҳои иғвоангез сурат мегиранд. Бадбахтона, ин кор танҳо аз номи ислом амалӣ мегардад. Мусаллам аст, ки дини мубини ислом бо ин бузургиву беназирӣ, ниёз ба ҳизбу ҳаракатҳои расмиву иртиҷоӣ ва ифротӣ надорад.Ислом роҳи саодату наҷот, роҳат, осоиш ва хориҷшавӣ аз зулмот буда, дар асоси муҳаббату садоқат, меҳрубониву вафодорӣ арзи вуҷуд мекунад. Ҳеҷ кас ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки ин софию тозагӣ, таровати мушкбез ва накҳати нотакрорро олудаи нафс ва таблиғи иғвогарона намуда, теша ба решаи исломи ноб занад.
Тараққиёт ва дастовардҳои ҳар як кишвар ба захираҳои зеҳнӣ ва ақлии шаҳрвандон сахт алоқамандӣ дорад.Омилҳои дигари рушд — оромии комил ва суботи ҷомеа, сулҳу амният, волоияти қонун, ваҳдату дӯстӣ, шароити реалии омӯзиши илму маърифат ва муҳити мусоид метавонанд, барои инкишофи захираҳои зеҳниву ақлонӣ заминагузор бошанд. Боиси нигаронист, ки ҷаҳони ислом аз чунин захираҳои бебаҳо қисман бебаҳра монда, ба исломситезиву низоъҳои мазҳабӣ ва ҷанги байни мусулмонон машғул аст, Ин нооромӣ ва ҷангу муборизаҳои мазҳабӣ на танҳо хисороти иқтисодӣ ба бор меоранд, балки садсолаҳо ба тараққиёти иқтисодӣ ва илму маорифи кишварҳо монеъ мегарданд.
Тибқи таҳлили коршиносон барои гурӯҳҳои иртиҷоӣ роҳи ба худ моил сохтани ҷомеа дар мадди аввал ҳуҷуми фикрӣ ва равонӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, онҳо барои амалӣ намудани ғоя қишри аз ҳама осебпазир – ҷавононро интихоб менамоянд. Зеро миёни ин гурӯҳ ашхоси аз ҷиҳати ирода ва шуурнокӣ ноустувор хоҳ-нохоҳ вомехӯранд. Ҷавонони аз нигоҳи андешаву тафаккур қафомондаро бероҳа кардан ва идора намудан хеле осон аст.
Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки аз 50 то 200 ҳазор нафар аз 80 давлати дунё ба ҳайати ба ном «Давлати исломӣ» шомиланд, ки дар Сурия ва Ироқ фаъолияти ҷангӣ мебаранд. Мақсади онҳо дар ибтидо ташкил намудани хилофат дар ҳудуди кунунии Ироқ, Сурия, Ливан, Исроил, Фаластин, Иордания, Туркия ва ниҳоят, дар ҷаҳон мебошад.
Бо дарназардошти хатарзо будани ҳизбу ҳаракатҳои динии ифротӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳоро дар кишвар мамнӯъ кард. Ҳаракатҳои ифротгарое, ки дар заминаҳои эътиқоди динӣ аз ҷониби бегонагон ба кишвар интиқол мегарданд, имконияти таъсиррасонӣ ба мувозинати динӣ-мазҳабӣ дошта, метавонанд дар оянда ба вазъи сиёсӣ ва идеологӣ, инчунин ба суботу амнияти ҷомеа хавфу хатар эҷод намоянд. «Салафия» аз ҷумлаи онҳост. Он ба шохаҳо ва ҷараёнҳои дигар, аз қабили «Ат-Такфир в-ал-ҳиҷра», «Ал-Ҷиҳод», «Муназзимат-ут-таҳрир ал-исломия», «Ҳизб-ут-таҳрир ал-исломия», «Ал-Қоида», «Ас-Салафия ал-Ҷиҳод» ҷудо мешавад, ки ҳар кадом мақсади худро дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳо бо аҳли зиё ва ҷавонон оид ба пайдоиши равияҳои динии ғайрисуннатӣ, ҳизбҳои сиёсии ҳусусияти террористидошта ва ба онҳо шомил гардидани ҷавонон сухан ронда, ин масъаларо яке аз мушкилоти асосии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии ҳисобида, пешгирии онро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти дахлдори давлатӣ, аҳли ҷомеа ва мардуми баору номуси миллат донистанд.
Аз ин рӯ, аҳли зиё, ҷавонон … ва кормандони воситаҳои ахбори оммаро зарур аст, ки баҳри тарбияи насли наврас ва ҷавонони хештаншинос, ватанпарвару соҳибмаърифат тамоми донишу маҳорат ва қобилияту таҷрибаи худро равона созанд, то Ватан аз ҳама гуна хавфу хатар эмин бошад.
Сафаралӣ СОБИРОВ,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон