Солҳои охир дар бисёр шаҳру деҳоти мамлакат аз пайдо шудани намуди нави занбӯр изҳори ташвиш мекунанд. Мегӯянд, ки онро аз хориҷа овардаанд ва заҳраш барои одаму ҳайвонот пуртаъсир аст.
Барои огоҳии бештар пайдо кардан оид ба ин мавзӯъ ба Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) муроҷиат кардем.
- Ин овозаҳо асос доранд. Дар баробари занбӯрҳои маъмулӣ — ало, асал ва зардак намуди нави занбӯр пайдо шудааст. Онро «Шмел» мегӯянду тибқи иттилои дастрасшуда аз хориҷа овардаанд, — тасдиқ кард мудири шуъбаи токпарварии институт, номзади илмҳои кишварзӣ Рустам Қаландаров ва афзуд:
- Ангурпарварон шикоят мекунанд, ки ин намуд занбӯр ба токзорон «ҳуҷум» кардаанд. Дар хоҷагиҳои калони ангурпарварӣ чунин занбӯрҳо камтар ба мушоҳида мерасанд. Аммо дар токзори ҳавлиҳо зарари онҳо зиёд аст.
Чӣ тавр бо ин ҳашарот мубориза бояд бурд? — пурсидем аз Рустам Қаландаров ва чунин посух гирифтем:
- Дар ҳолате ки ангур ба пухтан сар кард ва ё пухта бошад, истифодаи маводи кимиёвӣ мумкин нест, зеро ҳангоми истеъмол ба саломатӣ зарар мерасонад. Чанд роҳи содаю безарарро таҷриба кардем. Яке аз онҳо дока ва турхалтаҳое, ки барои пиёз истифода мебаранд, аст. Аз онҳо халтача омода карда, хӯшаҳои ангурро пӯшондан лозим аст. Ҳамчунин, мумкин аст аз зарфҳои пластмассӣ истифода бурд. Онро аз нисф зиёдтар бурида, дар дохилаш каме маҳлули «Тайфун» ва ширинӣ мерезед ва дар ҳар гӯшаи чойлоб овезон менамоед. Занбӯр ба он «ширинӣ» майл мекунад ва дар ҳамон ҷо «ризқаш» ба охир мерасад.
Директори Маркази илмии ҳифзи растаниҳои АИКТ Ҷамшед Толиҳов зимни суҳбати телефонӣ гуфт, ки аз ин проблема бохабаранд, вале бе тавсияи олимону мутахассисони Институти зоология ва паразитология ягон чорабинӣ гузаронида наметавонанд.
Бо директори институти мазкур Файзалӣ Ҳакимов низ дар тамос шудем. Ӯ гуфт:
- Ин проблема мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ин намуди занбӯр хусусияти даррандагӣ дорад. Чанд сол пеш якбора дар Тоҷикистон пайдо шуда, аз ҳисоби ҳашароти дигар, аз ҷумла ҳамҷинсони худ, наслашро зиёд карда истодааст. Ҳанӯз роҳҳои аниқи мубориза бо ин ҳашаротро муайян накардем. Таҳқиқот шурӯъ шудааст ва рӯзҳои наздик аз натиҷааш шуморо огоҳ мекунем.
Агар пеши роҳи зиёдшавии ин ҳашарот гирифта нашавад, оянда мумкин аст боиси ташвишҳои зиёд гардад.
Аз ҷониби дигар, набояд интизор шуд, ки кай моро ин намуди занбӯр мегазад, зеро илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ мебояд, — гуфтаанд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»