Ҳуснибону Хушдилова хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ӯ аз соли 1995 то инҷониб дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати ҳарбиро софдилона адо мекунад. Дар фаъолияти хизматиаш худро ҳамчун афсари ботаҷриба, боинтизом ва бомаҳорат нишон дода, дар баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва таҳкими қонуният ҳиссаи босазо мегузорад. Фаъолияти хизматии худро, тибқи нишондоди низомнома, оинномаҳои ҳарбӣ ва талаботи қонунҳое, ки кори сохтори ҳарбиро ба танзим медароранд, ба роҳ мондааст. Меҳнатдӯст ва нисбати худ серталаб буда, ҳама фармону супоришҳоро сари вақт ва бо масъулияти баланд иҷро менамояд. Ҳамеша барои баланд бардоштани сифати корҳои тарбиявии ҳайати шахсӣ саъю кӯшиш менамояд.
Қобилияти кордонии Ҳуснибону Хушдиловаро ба инобат гирифта, ӯро ба вазифаи пурмасъулият пешбарӣ намуданд. Ҳоло полковник Ҳуснибону Хушдилова ҳамчун муовини сардори Раёсат- сардори шуъбаи банақшагирии кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҳайати шахсии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифа менамояд.
Ӯ ва ҳайати шахсии Раёсат ҳамчун кормандони масъул кӯшиш мекунанд, ки корҳои тарбиявию тарғиботиро миёни хизматчиёни ҳарбӣ беҳтар ба роҳ монанд. Бахусус, бо ҷавонони нав ба хизмат даъватшуда бештар кор мебаранд, то ба талаботи хизмати ҳарбӣ омода шаванд. Тӯли хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ полковник Ҳуснибону Хушдилова донишу таҷрибаи худро бой гардондааст. Аз ин рӯ, ӯ дар кор карда баромадани барномаҳои таълимӣ, таҳияи Консепсияи корҳои тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2011 таҳти №691 тасдиқ шудааст, Дастури вазири мудофиа аз 14 феврали соли 2006, №2 «Дар бораи корҳои тарбиявию ташкилотчигӣ оид ба мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дастурамал доир ба ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастур оид ба корҳои тарбиявӣ дар байни хизматчиёни ҳарбӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Ҳ.Хушдилова китобҳои таълимии «Раҳнамои сарбоз», «Артиши миллӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Артиши миллӣ- сипари боэътимоди давлат»- ро таълиф намудааст, ки мавриди омӯзиши ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Полковник Ҳуснибону Хушдилова бо хизмати софдилонааш барои афсарони ҷавон намунаи ибрат аст. Ӯ аз соли 2006 инҷониб вазифаи ҷамъиятии раиси Шӯрои занони Вазорати мудофиаро бомуваффақият иҷро мекунад.
-Рӯзи Модарро дар рӯҳияи идона пешвоз мегирем. Он баҳои баланде, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоташон ба муносибати 20- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Артиши миллӣ доданд, моро водор менамояд, ки баҳри баланд бардоштани омодагии ҷангӣ, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат бо қувваю неруи дучанд адои хизмат намоем,- мегӯяд зимни суҳбат полковник Ҳуснибону Хушдилова.
Ба хотири таҳкими мақоми зан дар ҷомеа солҳои охир як қатор санадҳои муҳим қабул шудаанд, ки ба ин васила теъдоди зиёди занон ба корҳои масъули давлатию ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд. Ҳоло соҳае нест, ки занҳо дар он пурсамар фаъолият набаранд. Албатта, сиёсати давлат оиди муносибат ба занҳо бе иштироки худи онҳо дар ташаккулдиҳӣ ва амалигардонии он муваффақият пайдо карда наметавонад. Бинобар ин, масъалаи фароҳам овардан ва таъмин намудани шароит барои ҷалбкунии занҳо яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Мо аз таърихи хеш хуб медонем, ки дар давраҳои гуногун занону модарон дар қатори мардон ба муқобили аҷнабиён муборизаи беамон бурда, дар таъмини озодиву истиқлолият ва оромиву суботи сарзамини аҷдодӣ саҳми арзишманд гузоштаанд.
Боиси хурсандӣ ва ифтихор аст, ки имрӯзҳо як зумра занону духтарон вазифаи басо пурифтихор- ҳимояи Ватан- Модар, хизмати пуршарафи ҳарбиро ба ҷо меоваранд. Онҳо давомдиҳандагони роҳи пуршарафи занони гузаштаи миллатамон буда, анъанаҳои ватандӯстии халқамонро пос медоранд ва онро бошарафона идома дода истодаанд. Мо бо эҳтиром номи онҳоеро, ки хизмати ҳарбиро бошарафона ба ҷо овардаанд, бо некӣ ёд мекунем. Полковник Людмила Маруфӣ, Арина Ким, Мукаррама Исоқова ва дигарон таҷрибаю дониши худро баҳри рушду камоли Артиши миллӣ сарф намуда, барои ба роҳи дуруст ҳидоят намудани афсарону бонувони ҷавон кори зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Имрӯзҳо низ дар хадамоту сохтор ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ занону бонувони мо сарбаландона адои хизмат доранд. Аксари онҳо, аз қабили полковник Тамара Усмонова, Олга Козлова, Марзия Фатурова, Саида Наҷмиддинова, Роза Давлатова, Мавлуда Шониёзова аз рӯзҳои аввали ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон софдилона хизмат мекунанд.
-Шӯрои занони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Низомнома фаъолият дорад, -мегӯяд Ҳуснибону Хушдилова. -Дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ мунтазам ҳисса гузошта, бо ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳамкорӣ менамояд ва дар пайвастагӣ бо онҳо байни ҳайати шахсӣ корҳои тарбияи ҳарбӣ -ватандӯстӣ мебарад.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар Вазорати мудофиа кори зиёд ба ҷо оварда мешавад. Чор нафар бонувон академияҳои олии ҳарбӣ ва ду нафар соли гузашта Академияи ҳарбӣ- тиббиро хатм намуданд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2013 таҳти №1499 Ҳуснибону Хушдилова бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст. Дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2001, №391 «Дар бораи Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001—2010» солҳои гузашта зиёда аз 20 нафар бонувон аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ ба вазифаҳои баландтар таъин шуданд.
Баҳри амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006, №496 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007- 2016» дар вазорат се нафар ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар соҳаи тиббӣ- ҳарбӣ, ду нафар муовини сардори Раёсат- сардорони шуъба, шаш нафар ба вазифаи сардорони шуъбаҳо таъин шудаанд.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» шароити манзилии хизматчиёни ҳарбӣ зина ба зина беҳтар мешавад. Ҳар сол аъзои Шӯрои занони вазорат мувофиқи нақшаи корӣ дар хобгоҳҳои қисмҳои ҳарбӣ бо оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ вохӯриҳо доир намуда, оид ба тозагию ободӣ, низоми сару либоси ҳарбӣ ва муносибатҳои хуби байниҳамдигарӣ суҳбат мегузаронанд. Давоми ду сол 12 нафар занон дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳраки Гипрозем соҳиби хонаи истиқоматӣ гардиданд.
-Артиши миллӣ дар муҳокимаи масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ бетараф буда наметавонад. Аз ин лиҳоз, моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар қисмҳои ҳарбӣ ва байни оилаи хизматчиёни ҳарбӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.
Тавре дар моддаи 8-уми қонуни мазкур омадааст, падару модар уҳдадоранд, ки фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд. Ин уҳдадориҳо ҷараёни мақсаднок ба воя расонидани фарзандро то ба гусел ба зиндагии мустақил фаро мегиранд, -мегӯяд полковник Ҳуснибону Хушдилова. Дар ҳаёти аксар ҷавонон зиндагии мустақил аз хизмат дар сафи Қуваҳои Мусаллаҳ оғоз меёбад. Дар ин ҷо ҷавонон на танҳо меъёру талаботи ҳарбиро меомӯзанд, таълиму тарбияи шоиста мегиранд, балки аз ҷиҳати рӯҳию маънавӣ низ ташаккул меёбанд. Дар рӯҳияи мардонагӣ, ҷасорату матонат тарбия намудани аскарони ҷавонро полковник Ҳуснибону Хушдилова ва ҳамхизматонашон аз вазифаҳои асосии худ медонанд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»