Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 апрели соли 2014) доир ба тақвияти низоми ягонаи омӯзиши касбии шаҳрвандони бекор, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳолии калонсол, инчунин ташкили кори хонагӣ, ҳунарҳои дастӣ ва дигар намудҳои косибӣ барои занону духтарони хонашин ва бо ҳамин роҳ паст намудани шиддати бекорӣ дар кишвар ба як қатор вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои андешидани чораҳои зарурӣ супориш дод. Вобаста ба ин ва дигар масъалаҳои занон дар суҳбат бо хабарнигорамон раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирова чунин ибрози назар кард:
- Дар маҷмӯъ Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин як барномаи амалест барои тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар, зеро дар он ҳадафҳо ва самтҳои асосӣ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат муайян карда мешаванд. Инҳо самтҳое ҳастанд, ки метавонанд баҳри рушди минбаъдаи мамлакат заминаи мусоидро муҳайё созанд. Ҳамаи он самтҳои муайяншуда дар Паёми имсола низ маҳз дар асоси таҳлилҳои дақиқи рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар таҳия шудааст ва худ шоҳид ҳастем, ки ин Паём фарогири тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа буд.
Дар баробари ҳамаи ин, мехостам он қисмати Паёмро, ки бевосита ба масъалаи нақши занон, таҳкими оила дар кишвар бахшида шуда буд, ёдовар шавам. Нақши занон дар ҷомеа, аз ҷумла саҳми онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар, аз қабили соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат, албатта, имрӯз назаррас аст. Он рақамҳоеро, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола номбар карданд, вобаста ба шумораи занон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаҳои тандурустӣ, маориф, хизмати давлатӣ, дар парламенти ҷумҳурӣ ва дар сектори иқтисодӣ, соҳибкорӣ, ки 30 фоизашро занон ташкил мекунанд, пеш аз ҳама, нишондиҳандаи он аст, ки имрӯз сиёсати гендерии давлат натиҷаҳои муайяни худро дода истодааст. Новобаста ба мавҷудияти мушкилиҳо ва омилҳои гуногуни дигаре, ки хусусияти иҷтимоиву фарҳангӣ доранд, имрӯз нақши занон дар ҳаёти мамлакат боло рафтааст. Ҳоло ҳар нафари алоҳида, агар воқеъбинона таҳлил кардан хоҳад, мебинад, ки дараҷаи иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар ба маротиб афзудааст. Ин нишонаи он аст, ки барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону ҷавондухтарони болаёқат барои солҳои 2007-2016» , «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» зина ба зина иҷро шуда истодаанд. Маҳз натиҷаи як сиёсати тарҳрезишудаи қадам ба қадам аст, ки имрӯз мо дар масъалаи ба соҳаҳои гуногун ҷалб намудани занону духтарон ва муассир гардонидани нақши онҳо ба комёбиҳои назаррас ноил шуда истодаем. Албатта, он дастовардҳое, ки мо имрӯз дорем, ҳанӯз қаноаткунанда нестанд, зеро ҷомеа пеш рафта истодааст ва тақозои ҷомеа имрӯз ин аст, ки ҳар фарди худшиносу худогоҳ бояд, ки дар рушди минбаъдаи Ватани азизамон саҳми босазои худро гузорад. Аз ҳамин сабаб, имрӯз зарур аст ба масъалаи дар сатҳи зарурӣ амалӣ шудани он барномаҳои давлатие, ки дар масъалаи занон қабул карда шудаанд ҳар чӣ бештар диққат диҳем, зеро татбиқи самараноки онҳо гарави татбиқи самараноки масъалаи гендерӣ аст, аз сиёсати давлат бармеояд. Аз ҳамин нуктаи назар, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пайваста мониторинги иҷрои барномаҳои давлатӣ ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020»-ро гузаронад, то муайян кунем, ки ба чӣ ноил шудем ва боз кадом корҳоро анҷом доданамон зарур аст.
Ҳамчунин нуктаи дигаре, ки дар Паём аз ҷониби Сардори давлат зикр шуд, ин масъалаи рушди касбомӯзии занон ва умуман фаъолияти кори хонагӣ дар кишвар мебошад, ки ин бисёр ҳам як нуктаи муҳим аст, зеро мо медонем, ки имрӯз шумораи бекорон аз ҳисоби занону духтарон хеле зиёд аст. Рушд додани кори хонагӣ, умуман тақвияти малакаҳои касбии занону духтарон аз як ҷиҳат, агар ба муҳайё шудани ҷойҳои нави корӣ, ба шуғл фаро гирифтани занон, беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат кунад, аз ҷиҳати дигар, ин ба масъалаи нигоҳдорӣ ва рушди фарҳанги бойе, ки мо дорем, дахл дорад. Барои ҳар як миллат нигоҳ доштани дастовардҳои фарҳанги миллие, ки дорад, бисёр муҳим аст ва дар ин масир нақши занон бениҳоят калон аст. Онҳо метавонанд ҳамчун интиқолдиҳандаи ҳамин таҷрибаи иҷтимоӣ, таърих ва фарҳанги мардуми худ бошанд.
Нуктаи дигаре, ки дар Паём зикр гардид, ин такмили низоми қонунгузорӣ дар масъалаи оила, аз ҷумла ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии мушкилоти фарзандхонӣ буд. Зеро, дар ҳақиқат ҳам, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дуруст зикр карданд, ки ҳарчанд ятимон имрӯз дар муассисаҳои давлатӣ, таълимиву интернатҳо дар сатҳи олӣ ба ғамхорӣ фаро гирифта шуда бошанд ҳам, ягон муассиса самимияту меҳру муҳаббати падару модарро дода наметавонад ва сарфи назар аз хоҳиши мо ба ташаккули шахсияти онҳо таъсир мерасонад. Барои он ки раванди фарзандхонӣ осон гардонида шавад, корҳои зиёди фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ гузаронидан лозим аст. Ҷиҳати амалӣ кардани чунин иқдоми инсондӯстона мо бояд фарзандони ятиммондаро, ки шумораашонро Сардори давлат беш аз 3,5 ҳазор номбар карданд, ба як самимияту меҳру муҳаббати оилавӣ фаро гирем. Албатта, дар ин самт ҳам Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фаъолият барад. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳамчун мақоми ваколатдор ҳамаи он дастуру нишондодҳоеро, ки аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр гардиданд, барои худ ҳамчун нақшаи корӣ қабул намоем ва ба иҷрои онҳо ҳамроҳ бо дигар мақомоту ташкилотҳо, сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муваффақ шавем.
Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»