Бо ҳамин ном бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ баргузор гардид.
Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамоиш иброз намуд, ки Ҳукумати мамлакат, хусусан Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар замони Истиқлоли давлатӣ барои тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеъ фароҳам оварданд, ки тавассути он занони тоҷик тавонистанд барои ободию пешрафти мамлакат дар ҳамаи ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона иштирок намоянд.
- Имрӯз бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки занони шуҷою матиниродаи тоҷик дар баробари ҷавонмардони далери Ватан рисолати сулҳпарварӣ, озодихоҳӣ, ватандӯстӣ ва ватанпарастиро бар дӯш гирифта, дар бунёди давлатдорӣ, ҳифзи истиқлолияти комил ва таъмини суботу осудагии мамлакат нақши калидӣ доранд, — иброз дошт Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муовини Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-майор Музаффар Раҳимзода иттилоъ дод, ки ҳоло дар ҳайати шахсии хизматчиёни ҳарбӣ ва хизматчиёни ғайринизомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1219 нафар занону духтарон фаъолият дошта, 35 нафарашон бо рутбаи ҳарбии полковник сарфароз гардонида шудаанд.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»