Дар шумораи 44-уми рӯзномаи «Садои мардум» аз 1 майи соли 2014 таҳти сарлавҳаи «Занони минаҷӯ» мавод ба табъ расида буд. Гуфта мешуд, ки дар ноҳияи Қумсангир аз ҳисоби занону духтарони маҳаллӣ гурӯҳи поксозии минаҳо ташкил ёфтааст.
Мо аз нозири тафтиши сифати кори Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо Лутфулло Сатторов хоҳиш намудем, ки оид ба фаъолияти имрӯзаи гурӯҳи занони минаҷӯ барои хонандагон маълумот диҳад.
Лутфулло Сатторов гуфт, ки Ташкилоти «Кумаки мардуми Норвегия (NPA)» дар ташкил ва дастгирии гурӯҳҳои занонаи безараргардонии минаҳо дар кишварҳои гуногуни аз мина осебдида нақши муҳим дорад.
Таҷрибаи ташкилоти мазкур исбот намудааст, ки занон дар баробари мардон метавонанд дар поксозии қитъаҳои минакоришуда ҳиссагузор бошанд.
Аз ин ҷост, ки тавассути дастгирии Ташкилоти «Кумаки мардуми Норвегия (NPA)» бори нахуст дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби занону духтарон дар ноҳияи Қумсангир гурӯҳи поксозии минаҳо ташкил шуд. Тамоми хароҷоти заруриро ин ташкилот пардохт менамояд.
Гурӯҳи занон бо принсип ва усулҳои корбарии Ташкилоти «Кумаки мардуми Норвегия (NPA)» дар ин самт шинос гардида, таҷҳизоти зарурии безараргардонӣ, қоидаҳои бехатарӣ ва низоми аломатгузориро омӯхтанд.
Баъд аз гузаштани санҷиш гурӯҳи занони минаҷӯ 6 апрели соли 2014 ба фаъолият оғоз намуданд.
- Давоми ин муддат, — гуфт Лутфулло Сатторов, — гурӯҳи занони минаҷӯ дар минтақаи наздисарҳадии ноҳияи Қумсангир дар чор майдони хавфи минадошта корҳои поксозиро анҷом дод. Бо қувваи ин гурӯҳ дар масоҳати 37,4 ҳазор метри мураббаъ корҳои ҷустуҷӯйӣ бурда, 771 минаи зиддипиёдагарди ПФМ-1Ф ошкор ва безарар гардонда шуд.
Дар давраи фаъолият аъзои гурӯҳ Назокат Бегматова, Ибодат Ҳакимова, Саъдияхон Аслонова, Саёҳат Пӯлодова ва дигарон, ки таҷриба ба даст оварда буданд, аз дастгоҳҳои зарурӣ мустақилона истифода бурданд.
Баъди аз мина тоза кардан ин майдонҳо мавриди истифодаи кишоварзон қарор мегиранд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»