Сеюми августи соли 2015 дар натиҷаи боронҳои шиддатноки пай дар пай аз кӯҳдоманаҳо ба деҳаи Ранкӯли деҳоти «Ранкӯл» — и ноҳияи Мурғоб сел омад. Сел се хонаи истиқоматиро пурра ва 13 хонаву як масҷидро қисман хароб намуд. Ҳамчунин дар натиҷаи ин офати табиӣ оби дарёи Оқсу баланд гардид ва Неругоҳи барқи обии «Оқсу» муваққатан аз кор бозмонд.
Бо супориши раиси вилоят Шодихон Ҷамшед Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ВМКБ баҳри бартараф кардани офати табиӣ чораҳои мушаххас андешида истодааст. Қабл аз ҳама қисме аз мардуми зарардида бо хаймаҳо ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин ва қисме дар хона – интернати давлатӣ ҷойгир карда шуданд. Маблағи зарари аз офати табиӣ расида муайян карда мешавад.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»