Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

Ӯзбекистон. Санаи баргузории интихоботи президентӣ маълум шуд

№17 (4279) 06.02.2021

1Дар назар аст, ки интихоботи навбатии президентӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон моҳи октябри соли равон баргузор шавад. Ин масъала дар ҷаласаи фраксияҳои ҳизб­ҳои сиёсӣ дар палатаи поёнии парламенти мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Эҳтимол меравад, ки номзадҳо ба интихоботи президентӣ, ки ҳар панҷ сол доир мегардад, танҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ мешаванд. Айни замон дар кишвар панҷ ҳизби сиёсӣ сабти ном шудааст.

 «Спутник Ӯзбекистон»

 Вакилон иқдомро дастгирӣ карданд

3Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ин баъд ҳар сол дар фасли тобис­тон – 30 июл Рӯзи дӯстии халқҳо таҷлил мешавад. Дар ин бора Олий Маҷлиси мамлакат қонун қабул кард.

Вакили палатаи поёнии парламенти Ӯзбекистон Расул Кушербоев ба расонаҳо гуфтааст, ки ҷашнвора ба хотири таҳкими дӯстию бародарӣ, ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ байни миллатҳои гуногун, ки дар кишвар зиндагӣ мекунанд, ороста мешавад. Ба маълумоти ӯ, ҳоло дар Ӯзбекистон  намояндагони беш аз 130 миллату халқият зиндагӣ мекунанд.

 «Газета.uz»

Сиёсатмадор пушаймон гардид

2Сарвари ҳизби консервативӣ дар парламенти Британия Уэлс Пол Девис, баъд аз он ки ӯро ба риоя накардани маҳдудият вобаста ба паҳншавии бемории COVID-19 айбдор карданд, аз вазифа истеъфо дод.

«Аз ин рафтор пушаймонам. Дар натиҷаи он обрӯю нуфузе, ки тайи 14 сол дар парламенти мамлакат соҳиб шудам, аз даст рафт. Аз ин рӯ, ба фаъолият идома дода наметавонам», — гуфтааст Уэлс.

Гап сари он меравад, ки моҳи декабри соли гузашта Уэлс ҳамроҳи чор аъзои ҳизбаш дар қаҳвахонаи ҳукуматии Сенедди Кардифе каме менӯшанд. Чанд рӯз пеш аз он ҳодиса бошад, фурӯш ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ дар муассисаҳои хӯроки умумӣ манъ шуда буд. Акнун ҳизби консервативӣ маҷбур аст, роҳбари нав интихоб кунад.

«МИР»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»