Сафари гурӯҳи журналистони нашрияҳои давлатӣ, хусусии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва соҳавии кишвар дар навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад.
Дар ноҳияи Дарвоз меҳмононро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон Абдураҳмонзода Саидраҳмон пешвоз гирифта, ташрифи онҳоро хайра мақдам гуфт. Сипас, журналистон ба ноҳияи Рӯшон рафтанд, ки дар он ҷо низ раиси ноҳияи Рӯшон Худоёр Худоёров онҳоро истиқбол намуда, оид ба раванди сохтмони иншооти бунёдшавандаи ноҳия маълумот дод. Дар рӯзи дувуми сафар журналистон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, ба ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим ва Шуғнон сафар карданд. Гурӯҳи дигари онҳоро дар шаҳри Хоруғ раиси шаҳри Хоруғ Қиматгул Алибердиева пазируфта, оид ба омодагии мардуми шаҳр ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ андешаҳояшро баён дошт. Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ Ҷумъа Ҷумъаев, ки журналистонро роҳбаладӣ мекард, изҳор дошт, ки ба фаъолият оғоз кардани муассисаҳои нав имкон медиҳанд, ки мардум бо шуғли доимӣ фаро гирифта, рушди туризм ва истеҳсолот таъмин гардад. Журналистон аз шаҳраки бунёдшавандаи Баҳористон ва ширкати «Помирэнерҷӣ» боздид намуданд. Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев низ мулоқоти намояндагони расонаҳои хабарии кишвар бо устодону донишҷӯён доир гардид. Ректори донишгоҳ Шермаҳмад Ҷонмамадов изҳор дошт, ки айни замон дар 8 факултет тақрибан 3500 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифа, аз рӯи 35 ихтисос мутахассисон омода мегарданд. Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар оид ба аҳамияти таърихии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлолияти кишвар суҳбат намуд. Сипас, байни иштирокчиён ва меҳмонон саволу ҷавоб сурат гирифт. Тибқи нақша, 12 май журналистон дар конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» иштирок менамоянд
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»