Дар арафаи Рӯзи Модар хабар ёфтем, ки дар деҳаи Рӯҳафзои деҳоти ба номи Саидмуъмин Раҳимови ноҳияи Темурмалик модари 110 — сола бо номи Фотима Салимова ба сар мебарад. Чун барои қаҳрамони мо ба саволҳо посух додан мушкил буд, бо наберааш Абдукарим Гулаев доир ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёту кораш суҳбат кардем.
- Моҳи январи имсол 110-солагии бибиамро дар ҳалқаи аҳли оила қайд кардем. Бо вуҷуди заиф шудани хотира бо фарзандону наберагон, аберагону чаберагон суҳбат мекунанд. Асосан хӯрокҳои ширӣ мехӯранд ва каму беш бо ёрии мо ба ҳавои тоза мебароянд,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Қаҳрамони матлаб дар колхози «Правда» ба ғаллакорию чорводорӣ ва соҳаҳои дигари хоҷагӣ машғул буд. Мавсуф собиқаи зиёда аз 40 — солаи кор дорад.
Дар 17 — солагӣ ба шавҳар баромадааст. Баъд аз як муддати зиндагӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд ва ҳамсараш соли 1941 ба фронт сафарбар гардида, дар набардҳои зидди фашизм қаҳрамонона ҳалок шуд. Дар он вақт қаҳрамони мо монанди ҳазорҳо зани тоҷик дар ақибгоҳ барои таъмини Қувваҳои Мусаллаҳ бо озуқа хизмат кардааст. Барои меҳнати садоқатмандона дар ақибгоҳ соли 2020 аз номи Президенти Федератсияи Россия бо медали «75 — солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941-1945» қадрдонӣ гардид.
Соли 1948 маротибаи дуюм ба шавҳар баромад. Имрӯз ӯ соҳиби 3 фарзанд, 20 набера, 75 абера ва 13 чабера мебошад. Писари якумаш Гулаев Қарабой 73 — сола буда, Гулаев Назир ва Гулаев Бозорбой дар синни 60 ва 66 қарор доранд.
Сармуҳаррири рӯзномаи «Истиқлол»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик Шералӣ Давлатов дар суҳбат бо мо гуфт, ки пирони ноҳия, аз ҷумла Фотима Салимова, ҳамеша зери таваҷҷуҳи раиси ноҳия ҳастанд. Чанде пеш бахшида ба мавлуди қаҳрамони мо туҳфаи раиси ноҳия ба ӯ дастрас шуд ва ҳамасола дар арафаи Рӯзи Модар раиси ноҳия Шералӣ Ҳасанзода аз ҳоли Фотима Салимова хабар мегирад.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»