Дар ноҳияи Варзоб, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №373 аз 18 августи соли 1999 ҳамчун «Минтақаи сайёҳӣ ва туризм» эълон гардидааст, ҳар сол рафтуомади шумораи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба қайд гирифта мешавад.
Дар баробари ин, ҳангоми баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҷашну маъракаҳои милливу давлатӣ ташрифи меҳмонони олиқадр пешбинӣ мегардад. Ҳамин аст, ки дар доираи омодагӣ ва баргузории 25 — солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ, тибқи нақша — чорабиниҳои тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, дар деҳот ва маркази он корҳои зиёд ба сомон расонида шуданд. Барои мисол, барои мардуми ноҳия тозаю озода нигоҳ доштани шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, соҳили дарёи Варзоб ва деҳаҳои шафати он дар мадди аввал қарор дорад. Инчунин, аз даромадгоҳи ноҳияи Варзоб то марказ ва баромади он бо шиору овезаҳои тарғибкунандаи солҳои 2018-2028 — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», таҷлили 25 — солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ, омодагиҳо ба ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, солҳои 2021-2026 — «Солҳои рушди саноат», иқтибосҳо аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аксу навиштаҷот оид ба расму оини миллӣ ва дигар чорабиниҳо бо санъати хуби ороишӣ насб шудаанд. Ҳамчунин, гулҳои рангоранг, буттаҳои сарсабзу ороишӣ, биноҳои зебо, истироҳатгоҳҳои хуштарҳу замонавӣ ва роҳҳои пиёдагард ба намуди зоҳирии ду шафати шоҳроҳ ва маркази ноҳия зебоии дигар зам кардаанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки бо фаро расидани фасли гармо ва дучанд гардидани талабот ба минтақаҳои истироҳатӣ, ташрифи сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ зиёд мегардад. Дар ин давра вазъи санитарии дарёи Варзоб низ таҳти назорати ҷиддии масъулону мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия қарор гирифта, оби дарё ва обҳои чашмасорон аз санҷиш гузаронида мешаванд.
Муовини раиси ноҳияи Варзоб Моҳтоб Қосимзода гуфт, ки дар доираи нақша — чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ гурӯҳҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ки аз ҳисоби кормандони мақомоти давлатӣ, бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва фаъолону собиқадорон мебошанд, дар деҳот бо аҳолӣ вохӯрӣ гузаронида истодаанд. Онҳо оид ба аҳамияти ваҳдати миллӣ ва нақши бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ барои тарбияи насли ҷавон ва огоҳ гардидани онҳо аз ҳаводиси гузашта баромад менамоянд.
Ғайр аз ин, дар доираи нақша — чорабиниҳо, дар арафаи таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ноҳия 7 иншооти аҳамияти хизматрасонидошта, аз қабили як минтақаи истироҳатӣ, хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Калони деҳоти «Зиддӣ», бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Гураҳа, сартарошхона ва нуқтаи фурӯши канселярӣ дар деҳаи Чорбоғи деҳоти «Чорбоғ» ва таъмири роҳҳои байни деҳаҳои деҳоти «Варзоб-Қалъа» ба истифода дода мешаванд. Дар натиҷа, боз даҳҳо нафар сокин бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»