Зиндагии пурсаодат дар ошёни баланд

№30 (4613) 27.02.2023

sliderыБо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минтақаҳои кӯҳистони мамлакатамон рушд ёфта, сатҳи зиндагии мардум ба маротиб беҳтар мегардад. Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ истисно набуда, яке аз мавзеъҳои зебо ва нодири баландкӯҳи Тоҷикис­тони офтобрӯя ба ҳисоб меравад. Баъд аз муҳоҷирати мастчоҳиён ба Дилварзин (соли 1956) Кӯҳистони Мастчоҳ ба як гӯшаи фаромӯшӣ ва беаҳамият мубаддал гардида буд. Хушбахтона, ин макон, ки осорхонаи зиндаи таърихи як гӯшаи диёрамон ҳисобида мешавад, бо туфайли истиқлолияти давлатӣ, бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид. Дуюми феврали соли 1996 тибқи Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъсис дода шуд.

Соли 2002 Пешвои миллат ба ин ноҳияи дурдасту кӯҳистон бори нахуст ташриф оварда, ба эҳёву рушд ва таҳкими он замина гузош­танд.

Алҳол дар ноҳия беш аз 25 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ доранд. Ноҳия дорои 3514 гектар замини корами обӣ ва 537 гектар боғ мебошад. Картошкаи хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Кӯҳис­тони Мастчоҳ дар бозорҳои мамлакат серхаридор буда, бо сифати баланд номдор аст.

Дар соли таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон деҳқонони ноҳия беш аз 80 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ карданд. Соли равон картошкапарварони ноҳия ният доранд, ки беш аз 100 ҳазор тонна картошкаи хушсифат ҷамъоварӣ намоянд.

Дар ноҳия соҳаи чорводорӣ низ рушд меёбад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар сектори хусусӣ беш аз 126 ҳазор чорвои майда ва 16 ҳазор сар чорвои калони шохдор ба қайд гирифта шудааст. Чанд соли охир бо пешниҳоди Сарвари давлат дар ноҳия парвариши қутос роҳандозӣ гардида, саршумори он ба 1000 сар расид.

Дар ибтидои ташкилёбии ноҳия мушкилот хеле зиёд буд. Ҳатто кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои маъмурӣ надоштанд, маркази ноҳия муайян набуд. Бо дастгирии Пешвои миллат дар даште, ки на об дошту на обод буд, шаҳраке бо номи Меҳрон бунёд гардид.

Президенти мамлакат борҳо, аз ҷумла солҳои 2010, 2012 ва 2016 ба ин марзи куҳанбунёд сафари корӣ намуда, дар рушду таҳкими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии он саҳми амиқ гузоштаанд. Мулоқоти Пешвои миллат бо сокинони деҳоти «Валиғунд» ва «Роғ» меҳру самимияти сокинони ин минтақаро нисбат ба Пешвои миллат фузунтар намуд.

Ба хотири пешрафт «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025» дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 30-юми декаб­ри соли 2020 тасдиқ гардид, ки аз 138 лоиҳа иборат буда, маблағи он 174,7 миллион сомонӣ аст.

Чанде пеш бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳия бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 дар деҳоти «Иван-тоҷик» барои 240 нафар хонанда дар як баст, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 дар деҳаи Валиғунди ноҳияи Кӯҳис­тони Мастчоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тибқи иттилои масъулини Раёсати тандурустии вилояти Суғд, соли гузашта марказҳои саломатии деҳаҳои Роғ, Пастиғав ва Сабақи ноҳия таъмиру тармим ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз шуданд.

Мавриди зикр аст, ки соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода низ ба ин минтақа сафар намуда, бо фаъолони шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ мулоқот кард. Дар мулоқот Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ ёфта, дар бобати беҳдошти сатҳи зиндагии сокинон ва таҳкими рушди соҳаҳо андешаҳо иброз гардиданд.

Мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз дастгириву ғамхории роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат сипосгузор буда, баҳри таҳкими дастовардҳо ва ободии ин гӯшаи зебои диёр азму талош менамоянд.

Мухтори АБДУЛЛО,

«Садои мардум»