Таъсис додани Артиши миллӣ, ки аз таъсисёбии он 23 пур мешавад, барои Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол воқеаи хурсандибахш буда, моҳият ва аҳамияти таърихӣ дорад. Бахусус, дар марҳилае, ки ба тақдири мамлакат, истиқлолияти он хатари марговар таҳдид мекард. Артиши миллӣ барои барқарор сохтани сулҳу оромӣ, бехатарии марзҳои кишвар дар замони истиқлолият талошу хизмати сарнавиштсоз ва шоистаи таҳсин намудааст.
Ҳоло дар сафҳои он ҷавонони боору номус хизмати Ватан — Модарро ба ҷо оварда, ба савганди ҳарбии худ содиқ мебошанд. Он ба низоми ҳарбии имрӯзу фардо ҷавобгӯй буда, тимсоли муҳаббати бепоён ба Ватани ягона гардидааст.
Дар робита ба ин, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — лейтенант Шералӣ Мирзо роҷеъ ба дастовардҳои Артиши миллӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ чунин ибрози назар кард:
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таъкид менамояд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, то зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Ин амри воқеист, чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилоти террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардуми кишвари моро халалдор намояд.
Айни ҳол Артиши миллӣ аз се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ — Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ — ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ таркиб ёфтааст. Ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳоло идома дорад.
Сафи Артиши миллӣ асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешавад. То ин дам аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳар сол наздики 200 нафар афсари касбӣ онро хатм менамоянд, тақрибан се ҳазор нафар ба ҳайати ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар шомил гардидаанд.
Илова бар ин, ҳар сол афсарон ва донишҷӯёни низомии тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Фаронса, Амрико баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд.
Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон дар ин мактабҳои олӣ имкон дод, ки Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ пурра гардонда шаванд. Айни ҳол дар муассисаҳои олии таълимии ҳарбии хориҷи кишвар наздики 800 нафар донишҷӯйи тоҷик ва хизматчии ҳарбӣ таҳсил менамоянд.
Миёни вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону кишварҳои хориҷӣ як қатор санаду созишномаҳои ҳуқуқӣ, ки низоми муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҳарбии кишварҳои ба мо ҳампаймонро мушаххас месозанд, ба имзо расидааст. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), «Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо» ва дигар ташкилоти бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ мондааст.
Иштироки бомуваффақияти Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоии кишвар дар доираи Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ» дар доираи Қувваҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ, Қувваҳои вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва баргузории дигар машқҳои муштараки низомӣ тасдиқи гуфтаҳои болост.
Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷа ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони кишвар ба роҳ монда шудааст.
Айни замон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникӣ дорад.
20-уми феврали соли 2015 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат тасдиқ гардид, ки тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, таъмини қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, баланд бардоштани мақом ва обрӯю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеа таъмин менамояд.
Барои мустаҳкам намудани робитаи хизматчиёни ҳарбӣ бо аҳолӣ дар қисму воҳидҳои низомӣ пайваста суҳбату вохӯриҳои сарбозон бо волидону толибилмони муассисаҳои таълимии миёна, ҷавонони то синни даъватӣ, масъулини вазорату кумитаҳо, идораҳои давлатӣ, зиёиён доир мегарданд ва маҳфилу озмунҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ гузаронда мешаванд.
Масъалаи таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо манзили истиқоматӣ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар чор соли охир танҳо аз Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 250 хизматчии ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин гардиданд ва ҳоло бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё худ шаҳраки низомиён идома дорад. Аз соли 1996 то соли 2015 барои сохтмони бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта наздик ба 150 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.
Бо мақсади ҷисман обутоб ёфтани афсарону сарбозон, баланд бардоштани маҳорату малакаи ҷангии хизматчиёнии ҳарбӣ соли 2003 дар назди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Клуби марказии варзишии артиш таъсис дода шуд. Аз соли 2011 то 2015 варзишгарони клуби мазкур дар 192 мусобиқаи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, ба 223 медали тилло, 140 медали нуқра, 128 медали биринҷӣ, ифтихорномаҳои зиёд ва дигар туҳфаҳои арзанда сарфароз гардидаанд. Аз сарбози қаторӣ то хизматчии ҳарбии олирутбаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо неруи тоза ва омодагии баланди ҷангӣ истиқбол мегирем» баҳри таъмини амнияти марзу буми аҷдодӣ ва пойдории сулҳу суботи ҷомеа доимо тайёранд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»