Табиат ва иқлими кишварамон имкон медиҳад тавассути истифодаи оқилонаи онҳо соҳаҳои гуногун рушду нумӯъ ёбаду зиндагиамон беҳтар шавад. Ба ин мақсад таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат эътироф ва интихоб гардида, баҳри иҷрои он тадбирҳои зиёде амалӣ карда шудааст.
«Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии мустақим дорад. Дар ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ инкишофи инфрасохтори он ва таъмини зиндагии шоистаи аҳолии деҳот дар солҳои минбаъда ҳамчун ҳадафи муҳимтарин боқӣ мемонад.
Ҳоло 46 фоизи аҳолии мамлакат дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсолоти соҳа соли 2013 ба 17 миллиард сомонӣ ва ҳиссаи он дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ беш аз 21 фоизро ташкил кардааст. Барои таъмини рушди ин соҳа мо ният дорем, ки дар ҳафт соли оянда беш аз 3 миллиард сомонӣ равона намоем. Амалисозии маҷмӯи тадбирҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт имконият медиҳад, ки талаботи аҳолиро ба молҳои асосии озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсолоти дохилии кишвар ҳар чӣ бештар таъмин созем ва ба ин васила ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегиамон — ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ноил гардем. Бинобар ин, Ҳукумати кишварро зарур аст, ки доир ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ, бахшҳои коркарди маҳсулоти он ва ҳавасманд гардонидани кишоварзон барои истифодаи самараноки захираҳои обу замин тадбирҳои иловагӣ андешад. Инчунин тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати азхудкунӣ ва обёрии заминҳои нав чораҷӯӣ карда шавад» -зикр гардидааст дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷумҳурӣ татбиқи лоиҳаи нав оид ба ҳамкории техникии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ҷорӣ намудани зироаткории сарфаҷӯёна оғоз ёфт. Зироаткории сарфаҷӯёна ин усули идоракунии низоми кишоварзӣ ва экологӣ мебошад, ки мақсади он такмили устувор ва афзун намудани ҳосилнокӣ, зиёд кардани фоида ва ноил шудан ба амнияти озуқаворӣ, бо дарназардошти нигоҳдории захираҳои табиӣ ва истеҳсолӣ аст. Ин усул назари муосир ба парвариши зироатҳои кишоварзӣ буда, солҳои охир дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. Зироаткории сарфаҷӯёна аз се рукни бо ҳам алоқаманд асос меёбад:
- истифодаи бардавоми кишти мустақим (бе шудгор ва коркарди хок);
- нигоҳ доштани рӯйпӯши доимии хок бо моддаҳои органикӣ (боқимондаҳои растанӣ ва ё кишти зироатҳои рӯйпӯшкунанда);
- ғанӣ гардонидани гуногунии таркиби киштгардон ва ё диверсификатсияи зироатҳое, ки ҳангоми киштгардон истифода мешаванд.
Ҳангоми ҷорӣ намудани зироаткории сарфаҷӯёна усулҳои анъанавии кишоварзӣ бояд тағйир дода шаванд. Ин амал боиси таври устувор афзун шудани истеҳсол ва беҳтар шудани сифати маҳсулоти озуқаворӣ ва дар баробари он беҳ шудани ҳолати хок мегардад. Мувофиқи ин усул хок коркард не, балки рӯйпӯш мешавад, ки ин амал хокро аз бодлесшавӣ ва таназзул эмин дошта, намиро нигоҳ медорад. Инчунин рӯйпӯшкунӣ барои нест кардани алафҳои бегона кумак мерасонад, ғанӣ гардонидани гуногунии намудҳои зироат ҳангоми киштгардон хавфи пайдоиш ва паҳншавии касаливу зараррасонҳоро пешгирӣ менамояд.
Тавре аз ФАО ба хабарнигорамон иттилоъ доданд, дар доираи лоиҳаи нав семинар-машварати якум доир ба намоиши технологияи нав ва кишти ғалладонагиҳо чанде пеш дар ноҳияи Фархор баргузор гардид.
Мутахассиси ФАО дар соҳаи растанипарварӣ Ҳафиз Мӯъминҷонов, ки роҳбари техникии лоиҳа мебошад, ин мавзӯъро чунин шарҳ дод:
– Маълум аст, ки барои таъмини талаботи аҳолӣ, ҳамасола ба Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори зиёди ғалла ва орд ворид карда мешаванд. Мамлакатҳои асосии истеҳолкунандаи ғалла, ҳамчунин давлатҳои рӯ ба тараққӣ тадриҷан ба низоми нави зироаткорӣ – зироаткории сарфаҷӯёна гузашта истодаанд. Ин низоми содаи кишоварзӣ набуда, риояи технологияи махсусро талаб менамояд. Аз рӯи ин технология мошинолоти кишоварзӣ зимни коркарди хок камтар истифода шуда, дар сатҳи хок қабати муҳофизи доимии органикӣ аз ҳисоби боқимондаи растанӣ ва кишти зироатҳо ташаккул дода мешавад. Ин қабат тадриҷан пӯсида, ба пору табдил меёбад ва таркиби гумусии хокро бой мегардонад, ки ба зиёдшавии устувори ҳосил мусоидат мекунад. Ҷорӣ намудани зироаткории сарфаҷӯёна, алалхусус дар марҳилаи аввал, барои харидории техникаи мувофиқ ҳарчанд хароҷоти калонро талаб намояд ҳам, лек дар оянда барои рӯёнидани ҳосили аз ҷиҳати экологӣ тоза ва пастшавии арзиши аслии маҳсулот мусоидат мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол пеш кӯшишҳои ҷорӣ намудани коркарди минималии хок ва бевосита дар қитъаҳои пахтаи сабзидаистода кишт намудани гандум омӯхта шуда буданд. Ҳосили гандуми бо чунин тарз киштшуда аз ҳосиле, ки бо истифодаи агротехникаи маъмули кишоварзӣ ба даст оварда шудааст, кам набуд.
- Ҳама падидаи нав, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ, боиси пайдо шудани шубҳа ва тааҷҷуби деҳқонон мегардад. Хусусан ҷорӣ намудани технологияи муосири зироаткории сарфаҷӯёна барои кишти зироатҳо, ки онро ба деҳқонон пешниҳод менамоем, усули ғайрианъанавӣ аст. Мардуми деҳот аз азал андарзи халқии «деҳқон бошӣ, шудгор кун»- ро пешаи худ қарор дода буданд. Илова бар ин, агрономҳо таъкид мекарданд, ки барои ба даст овардани ҳосили хуб шудгор бояд чуқуртар гузаронида шавад. Кишти мустақими зироат усули муосир буда, мақсади он нигоҳдорӣ ва афзун намудани ҳосилхезии хок, паст намудани хароҷоти истеҳсолӣ ва афзуннамоии даромаднокӣ аз парвариши зироатҳо мебошад, — гуфт Абдуҷаббор Улфатов, сардори Сарраёсати кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Тавре иттилоъ гирифтем, дар чорчӯбаи лоиҳаи зикргардида дар хоҷагии тухмипарварии ба номи Л. Муродови ноҳияи Ҳисор қитъаи намоишии кишти мустақими гандум пас аз ғунучини ҷуворимакка барои дон (бе шудгор кардан) ташкил карда шудааст. Чунин усул барои сарфа намудани вақт байни ғунучини зироати пеш киштшуда ва кишти гандум мусоидат намуда, хароҷоти истеҳсолиро кам менамояд. Чунин қитъачаҳои намоишӣ дар заминҳои лалмии хоҷагии деҳқонии «Абдуҷаббор»-и ноҳияи Фархор низ ташкил карда шудааст, ки дар онҳо гандуми навъи «Сарвар» ва ҷави навъи «Добриня- 3» мустақим (бе шудгор) кишт шудаанд.
Масъулони лоиҳа тасмим гирифтаанд, ки ҳамкории босамарро бо деҳқонон, олимон, мутахассисони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам намоянд. Ин имкон медиҳад, ки пас аз татбиқи лоиҳа зироаткории сарфаҷӯёна дар хоҷагиҳои мамлакат мустақилона ва ба таври васеъ ҷорӣ гардад.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»