Ман яке аз донандагону мухлиси эҷодиёти шоири халқ Карим Девона буда, тавассути китобҳои нависанда Ҳабибулло Назаров «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» ва «Сатрҳои оташин»-и шоир шинос шуда будам. Бисёр шеър ва ғазалҳояшро аз ёд кардаам. 50 сол – солҳои 1964-2014 омӯзгорӣ карда, ҳоло дар нафақаам. Дар баъзе рӯзномаҳо бахшида ба 140-солагии шоир хабару мақолаҳо чоп мешаванд, аммо баъзе муаллифон дар масъалаи ҷои таваллуди шоир ба хатогӣ роҳ медиҳанд. Карим Девона соли 1878 дар деҳаи Ҷураки собиқ ноҳияи Даҳанакиик (ҳоло Хуросон)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Вале бештари муаллифон факту рақамҳои таърихиро наомӯхта, ҷои таваллуди Карим Девонаро собиқ ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ё шаҳри Ҳисор нишон медиҳанд.
Соли 1966 ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти педагогии шаҳри Душанбе дохил шудам. Вақте ки дар курси дуюм мехондам, муаллим Асадулло Сӯфиев ба мо аз фанни фолклоршиносӣ дарс гуфтанд. Азбаски ман ин фанро дӯст медоштам, суханони муаллимро бодиққат гӯш карда, дар дафтарам менавиштам.
Як рӯз муаллим ҳангоми дарс ба мо савол дод.
- Дар байни шумо аз Ғозималик касе ҳаст?
Даст боло кардам.
Асадулло Сӯфиев ба ман гуфт:
- Аз ватани Карим Девона, ки бошед, бо шахсоне, ки бо шоир ҳамнишин буданд, ҳамсуҳбат шавед. Аз онҳо дар бораи шоир ва эҷодиёташ маълумот ҷамъоварӣ карда, биёред.
Ман назди падарам (рӯҳашон шод бод), ки он вақт дар деҳаи Даҳана мезистем, омадам. Мақсадамро баён кардам. Падарам гуфтанд, ки дар деҳаи Уялӣ ду мӯйсафеди калонсол – Абдурозиқ, Рустам зиндагӣ мекунанд.
Ҳар ду мӯйсафедро ёфтам ва матлабамро баён кардам. Чизе, ки онҳо гуфтанд, навиштам.
- Бо Карим Девона якҷоя калон шудем, — гуфта буданд онҳо.
- Ӯ як хислат дошт, худаш пеш-пеш, хараш аз ақиб мерафт. Касе ӯро каме меранҷонд, зуд дар ҳаққаш ҳаҷвия менавишт.
Савол додам, ки чаро ӯро девона мегуфтанд?
- Ӯ девона набуд, ягон беморӣ ҳам надошт. Доно буд, табъи хуби шоирӣ дошту девона лақаби шоирии ӯст, — гуфтанд мӯйсафедон.
Хулоса, Абдурозиқ ва Расул шеъру тарона ва ғазалҳое гуфтанд, ки баъзеи онҳоро нав шунида будам. Мутаассифона, навиштаҳоямро рӯйбардор накарда, ба муаллим Асадулло Сӯфиев супоридам. Шояд онҳо дар бойгонии муаллим маҳфуз бошанд?
Як тавоноии шоир Карим Девона дар он аст, ки ӯ ба ояндаи дурахшони халқ боварӣ дошт.
Шоири ҳамдиёраш Абдухолиқ Ҷӯрахонзода дар васфи Карим Девона чунин навиштааст:
Карим Девона не, марди худоҷуст,
Рақибонаш варо девона гуфта.
Чу аз боби ҳақиқат лаб кушояд,
Ба девону ҷинон ҳамхона гуфта.
Надида саҳфаву килки саводро,
Ҳадисе аз дили парвона гуфта.
Сано бар ҳамдиёронаш, ки то ҳол
Ба ҳар шеъраш ҳазор афсона гуфта.
Бисёр мехостам, ки олимон ва фолклоршиносон дар масъалаи зодгоҳи шоир Карим Девона фикру андеша баён карда, ба хатоҳо нуқта гузоранд.
Тошмуҳаммад САФАРАЛИЕВ, нафақахӯр, ноҳияи Хуросон