Аз нишастҳои матбуотӣ

101 шабакаи давлатию хусусии телевизиону радио фаъолият доранд

№96 (4679) 28.07.2023

Кум ТелерадиоЗимни нишас­ти матбуотӣ, ки 26-уми июли соли равон баргузор шуд, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Нуриддин Саид изҳор дошт, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 кумита корро дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, амру фармон ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022 ба роҳ монда, нақшаи кори он барои нимсолаи аввали соли 2023 иборат аз 146 банд таҳия ва татбиқ гардиданд.

Аз ҷониби шабакаҳои давлатии телевизион ва радио сафарҳои дохилию хориҷӣ, вохӯрию мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони мамлакат, намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ сари вақт инъикос ёфтанд.

Дар ин давра доир ба нуктаҳои ­Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон шудани соли 2025, «Солҳои рушди саноат», ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашну рӯзҳои таърихӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалидошта тавассути барномаҳои иттилоотӣ шарҳу гузоришҳои саривақтӣ таҳия ва пахш карда шуд.

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, аз ҷумла, иброз дошт, ки барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои хориҷӣ дар соҳаи телевизион ва радио бо намояндагони соҳаҳои марбутаи Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Беларус, Ширкати давлатии пахши радиотелевизиони ПРАСАР Бҳарати Ҳиндустон (тариқи маҷозӣ) мулоқот анҷом доданд.

Ҳамчунин, дар давраи мавриди назар 6 нафар корманди кумита ба мақсади иштирок дар машварати омӯзишӣ ба кишварҳои Чин ва Ҳиндустон сафар карданд. Айни замон кумита бо як қатор давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Эрон, Италия, Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҳиндус­тон, Украина, Туркманистон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Ӯзбекистон, Қирғизис­тон, Давлати Фаластин, Давлати Кувайт дар соҳаи телевизион ва радио санадҳои ҳамкорӣ дошта, бо сохторҳои марбутаи Арабистони Саудӣ, Фаронса ва Малайзия масъалаҳои ҳамкориро дар самти табодули таҷриба, навор, истеҳсоли филмҳо ва дастрасии дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ баррасӣ менамояд.

- Айни ҳол дар мамлакат 101 шабакаи давлатию хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудио­визуалӣ, аз ҷумла 15 телевизиону 10 радиои давлатӣ, 18 телевизиони хусусӣ, 16 телевизиони ноқилӣ, 4 телевизиони IP ва 24 радиои хусусӣ фаъолият доранд, — зикр кард Нуриддин Саид.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»