Аз нишастҳои матбуотӣ

101 шабакаи телевизиону радио фаъолият доранд

№94 (4834) 29.07.2024

IMG_0483Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ба кумита дар шашмоҳаи аввали соли равон 11 дархост барои таъсиси телевизион ва радио ворид гардида, ба 5 телевизион, 2 радио ва 4 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ иҷозатнома дода шуд.

Бино ба гуфти ӯ, айни замон дар мамлакат 101 шабакаи давлатию хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз ҷумла 15 телевизиону 10 радиои давлатӣ, 18 телевизиони хусусӣ, 16 телевизиони ноқилӣ, 4 телевизиони IР, 24 радиои хусусӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, фаъолият доранд.

Иттилоъ гирифтем, ки тавассути шабакаҳои давлатии телевизион ва радио бо мақсади таъмини сабти пурра ва инъикоси рӯйдоду чорабиниҳои муҳими дохилию хориҷӣ, аз ҷумла сафарҳои дохилию хориҷӣ ва вохӯрию мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, силсилаи ҷашну идҳои миллию давлатӣ ва касбӣ, инчунин, тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, дастовардҳои замони соҳиб­истиқлолии мамлакат, мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, вазъи минтақа ва ҷаҳон, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ силсилаи барномаҳо таҳия ва пахш гардидааст.

Марҷона СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»