Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2024 кормандони хадамот 44 094 мавод, арзу муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бино ба гуфти ӯ, иҷрои 35 341 ҳуҷҷат ба маблағи 239 миллиону 848 ҳазору 800 сомонӣ, 900 ҳазору 817 доллари ИМА, 70 ҳазор евро, 178 млн. 162 ҳазору 15 тенгеи қазоқӣ ва 12 ҳазору 411 рубли русӣ таъмин гардид. Иттилоъ дода шуд, ки иҷрои воқеии 18 590 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 127 миллиону 42 ҳазору 456 сомонӣ таъмин шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 71 миллиону 54 ҳазору 578 сомони зиёд мебошад.
- Ба манфиати шахсони ҳуқуқии давлатӣ ва ғайридавлатӣ 63 миллиону 154 ҳазор сомонӣ, 669 ҳазору 869 доллари ИМА, 178 миллиону 89 ҳазору 90 тенгеи қазоқӣ ва 70 ҳазор евро рӯёнида шуд. Ба манфиати шахсони воқеӣ 45 миллиону 894 ҳазор сомонӣ ва 145 ҳазору 475 доллари ИМА ситонида шудааст,- зикр кард номбурда.
Дар ин давра ба хадамот 11 283 ҳуҷҷати иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардида, 103 392 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент мавриди иҷро қарор дорад. Аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 32 миллиону 714 ҳазор сомонӣ рӯёнида шудааст.
М. ЗОКИР,
«Садои мардум»