Аз нишастҳои матбуотӣ

107 муассисаи таълимиро шартан аз аттестатсия гузарониданд

№23 (4443) 19.02.2022

DSC_1793Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми назорати давлатиро дар шакли иҷозатномадиҳӣ, баҳогузорӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, аттестатсияи давлатӣ ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ ва назорати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм амалӣ менамояд. Зимни ­нишасти матбуотӣ, ки 14 феврал баргузор шуд, рӯзноманигорон ба фаъолияти он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳамчунин, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дар соҳа бо масъулин мубодилаи афкор карданд. Аз ҷумла сатҳи пасти мазмуну муҳтавои рӯзномаву маҷалла ва адабиёт барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ, гузаронидани чорабиниҳо, норасоии омӯзгорон дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ, ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул будани донишҷӯён ва нафарони ғайриихтисос мадди назар буд. Директори агентӣ Шоҳин Саидзода ва масъулин зимни посух ба саволҳои рӯзноманигорон изҳор доштанд, ки давра ба давра ҳама камбудии соҳаро бартараф менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 160785 омӯзгору мутахассис дар 4822 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 696 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 82 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 42 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият менамоянд. Дар он муассисаҳо ду миллиону 696 ҳазору 727 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Шоҳин Саидзода зикр кард, ки дар давраи мавриди назар масъулини раёсату шуъбаҳои марказӣ ва минтақавии агентӣ 923 аттестатсияи давлатӣ, 26 маротиба барасмиятдарории такрорӣ ва 371 иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимиро ба анҷом расонидаанд. Дар ин давра 107 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба муҳлати 2 сол шартан аз аттестатсия гузаронида, иҷозатномаи мактаби хусусии «Файз» дар вилояти Суғд бозхонд шуд.

Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии санҷидашуда сатҳи донишазхудкунии хонандагон (баҳои 3, 4 ва 5) 77,6 дарсад ва сифати таҳсилот (баҳои 4 ва 5) — 38,4, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ донишазхудкунӣ ин нишондиҳанда мутаносибан — 55,7 ва сифати таҳсилот — 20,2, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ — 65,1 ва сифати таҳсилот 32,9 дарсадро ташкил медиҳад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»