Бо маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии рушд лоиҳаҳои гуногун пурра амалӣ гардида, дар доираи татбиқи онҳо корҳои назаррас ба анҷом расиданд, — иттилоъ дод муовини якуми директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Баҳром Саидзода, дар нишасти матбуотие, ки 10 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид.
- Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии иншооти соҳа ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид, — афзуд Баҳром Саидзода.
Дар ин давра насби лӯлаҳои полиэтиленӣ, бунёди ҳавзҳои оби ошомиданӣ, пойгоҳҳои обкашӣ, пармакунии чоҳҳои амудӣ, насби обкашҳои горизонталӣ, обченкунакҳо, хариди техникаи коммуналӣ амалӣ шуд. Дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд, лоиҳаи «Таъмини устувори ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим» татбиқ шуда истодааст, ки 5 ҷамоати деҳоти шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ ва Панҷро дар бар мегирад. Ҳадафи асосии лоиҳа барқароркунии шабакаҳои обтаъминкунӣ буда, 20 ҳазор нафар ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.
Соли 2019-ум 110 лоиҳаи сармоягузорӣ, ҷиҳати бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии деҳот таҳия гардида, ба вазорату идораҳои дахлдор барои дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ пешниҳод гардид.
Қайд гардид, ки кормандони соҳа дар давраи мавриди назар ба истифодабарандагон ба маблағи 65 млн. 732 ҳазор сомонӣ хизмат расонида, аз ҷониби онҳо ба маблағи 37 миллиону 633 ҳазор сомонӣ корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ иҷро гардид.
Дар раванди саволу ҷавоб журналистон аз норасоии оби ошомиданӣ дар шаҳраки Шӯроб, деҳоти ноҳияи Конибодом ва «Лоҳур»-и ноҳияи Рӯдакӣ нигаронӣ карданд.
А. МИРЗОЕВ, «Садои мардум»