Аз нишастҳои матбуотӣ

113 нафар хатмкарда ба сафи артиш пайвастанд

№101 (4684) 14.08.2023

ДДКДуюми августи соли 2023 зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Дилшод Раҳмон иттилоъ дод, ки баъди супоридани имтиҳонҳои давлатӣ 113 нафар хатмкардаи донишгоҳ бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд. Роҳбарияти донишгоҳ барои хатмкардагоне, ки баъди адои хизмати ҳарбӣ нияти таҳсил карданро дар зинаи магистратура доранд, бидуни мушкилот метавонанд, ки ройгон таҳсили илм намоянд.

Фаъолияти таълимии донишгоҳ аз рӯи низоми таҳсилоти кредитӣ ба роҳ монда шуда, айни замон дар зинаи бакалавр аз рӯи 70 ихтисос 10 195 донишҷӯ, магистратура аз рӯи 28 ихтисос 197 магистрант ва дар зинаи докторантураи PhD аз рӯи 30 ихтисос 69 докторант таҳсил мекунанд.

Алҳол дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 625 омӯзгор фаъолият менамоянд, ки аз ин занҳо 243, мардҳо 382 нафар мебошанд.

Гуфта шуд, ки шумораи донишҷӯёни тибқи Квотаи президентӣ таҳсилкунанда дар донишгоҳ 416 нафар ва ятимони кул бошанд, 32 нафарро ташкил дода, онҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ қарор доранд.

Зимни нишаст гуфта шуд, ки дар ин давра 1867 нафар донишгоҳро хатм намуданд. Феълан дар донишгоҳ 6 нафар стипендияи президентӣ ва 7 донишҷӯ стипендияи раиси вилояти Хатлонро мегиранд. Бояд гуфт, ки аз шумораи хатм­кардагони донишгоҳ 519 нафар сессияро бо баҳои аъло ҷамъбаст намуданд.

Донишҷӯёни донишгоҳ инчунин, дар мусобиқаҳои варзишӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори 5 медали тилло, 10 нуқра, 8 биринҷӣ ва 20 ифтихорнома гардида, 9 нафар ҳамчун номзад ба устоди варзиш ва 6 нафар сазовори унвони устоди варзиш гардиданд.

Тибқи қарори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми июли соли 2023 дар заминаи иҷозатномаи фаъолияти донишгоҳ 9 ихтисос дар зинаи бакалавр ва 3 ихтисос дар зинаи магистратура ворид шуд, ки шурӯъ аз соли нави таҳсили 2023 — 2024 аз рӯи ихтисосҳои мазкур гурӯҳҳои академӣ таъсис дода мешаванд.

Исломи ҲАЙДАР, «Садои мардум»