- Бо мақсади таъмини риояи талаботи қонунгузорӣ дар истифодаи замин соли 2023 дар ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳри Ваҳдат санҷиш гузаронда шуда, 114 қонунвайронкунӣ ошкор гардид. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 10 мавод ба прокуратураи шаҳр ва барои рӯёндани ҷаримаи маҷбурӣ 9 мавод ба суди шаҳр пешниҳод гардид. Дар ин давра бо қарори раиси шаҳр 1370 заминистифодабаранда бо шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қайди замин ва 3119 шахси воқеию ҳуқуқӣ бо барӯйхатгирии техникии асосӣ ва тағйироти ҷорӣ таъмин шуданд, — гуфт раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода 9 феврал зимни нишасти матбуотӣ.
Қайд гардид, ки дар ин давра шабакаҳои барқи шаҳр дар ҳаҷми 450,0 миллион кВт/соат неруи барқ қабул карда, 306,2 миллион кВт/ соати онро ба маблағи 105 миллиону 154 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст. Талафоти барқ 152,0 миллион кВт/ соатро ташкил дод. Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда ба 90 миллиону 283 ҳазор сомонӣ расид. Қарздорӣ аз истифодаи неруи барқ дар соли гузашта 14 миллиону 871 ҳазор сомонӣ ва қарзи умумӣ, бо назардошти қарзҳои солҳои пешин, 155 миллиону 618 ҳазор сомониро ташкил менамояд.
Мирзо Исмоилзода иброз дошт, ки дар доираи нақша — чорабиниҳо доир ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 808 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта, то ҳол 222 иншоот, аз ҷумла 12 корхонаи саноатӣ, 20 иншооти тандурустӣ, 31 иншооти соҳаи маориф, 72 иншооти хизматрасонӣ, 30 иншооти савдои хӯроки умум, 9 бинои истиқоматӣ, 3 бинои маъмурӣ ва 20 иншооти дигар сохта шуда, 37 км роҳҳои маҳаллӣ ва 13 пули хурду калон таъмир шуд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»