Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ, ки 2 феврали соли равон баргузор шуд, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли 2021 маълумот дод.
Аз ҷумла, зикр кард, ки соли гузашта вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо 6291 санҷиши прокурорӣ гузаронида шуда, дар натиҷа, 85506 санади эътиноии прокурорӣ қабул гардида, 873,4 миллион сомонӣ зарари аз қонунвайронкуниҳо расонидашуда барқарор карда шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 — ум 172 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра 85198 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи 184514 шаҳрванд барқарор гардид. Инчунин, 11437 гектар қитъаи заминҳои ғайриқонунӣ ғасбшуда ошкор гардида, ба ҳолати аввала баргардонида шуд ва дар ин самт 990 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки баррасии пурра ва холисонаи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, барқарорсозии ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи онҳо таҳти назорати доимии роҳбарияти мақомот қарор дошта, соли гузашта аз ҷониби дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ 1750 шаҳрванд ба қабули шахсӣ пазируфта шуда, тавассути телефони «Боварӣ» 178 ва тариқи интернет — қабулгоҳ 200 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул ва чораҷӯӣ шуд.
Рӯзибойи УМАР,
«Садои мардум»