Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 15-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2023 дар мамлакат 21319 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 1162 ҳолат кам мебошад.
Дар ин давра ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, авбошӣ, муомилот, ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор нисбат ба соли қаблӣ бештар, одамкушӣ ва сӯиқасд ба он, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ, қаллобӣ, дуздӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва тайёр кардани силоҳ камтар шудааст.
- Соли 2023 аз тарафи ноболиғон 555 ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст, ки дар қиёс бо соли пешин 182 ҷиноят кам мебошад. Нисбат ба падару модароне, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накарданд, инчунин, нисбати масъулини муассисаҳои таълимӣ 14 ҳазору 126 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба суди шаҳру ноҳияҳо ирсол шуданд, — иброз намуд Рамазон Раҳимзода.
Зикр гардид, ки соли гузашта тавассути камераҳои назоратии Маркази худидоракунии «Шаҳри бехатар» 238684 далели қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи рӯй додани 1111 садамаи нақлиётӣ 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Дар муқоиса бо соли 2022 шумораи садамаҳои нақлиётӣ 15 адад ва теъдоди ҳалокшудагон 103 нафар зиёд гардида, 15 ҳодисаи киберҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки аксари онҳо ба паҳн кардани матолиби дорои моҳияти экстремистӣ вобастаанд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»