Аз нишастҳои матбуотӣ

11900 ҷойи нави кор таъсис дода шуд

№22 (4918) 17.02.2025

СОМОНӢ Ruslan-Kodirzoda-1Соли 2024 ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия 4220 нафар шаҳрвандони бекор муроҷиат намуда, 2752 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд.

Дар ин бора Руслан Қодирзода, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

- Дар давраи ҳисоботӣ 10 ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод доир шуд, ки дар онҳо 2050 ҷойи холии кор пешниҳод гардид. Дар ин чорабиниҳо 139 нафар корҷӯ кори муносиб пайдо намуда, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ин давра дар ҳудуди ноҳия 11900 ҷойи нави кор таъсис дода шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2023-юм 329 ҷойи корӣ зиёд мебошад, — гуфт Руслан Қодирзода.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»