12554 қонуншикании замин ошкор шуд

№ 06.02.2025

 Соли гузашта 12554 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 361 ҳолат  кам мебошад. Барои бартараф  намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 11296 қарор қабул шуда, ки дар муқоиса бо соли 2023-юм 72 адад зиёд аст.

Дар ин бора зимни  нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода иттилоъ дод.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас 75 фоизи  қонунвайронкунӣ бартараф шуда, аз  6 миллиону 946  ҳазор сомонӣ ҷарима, ки нисбат ба  вайронкунандагони қонунгузории замин таъин гардида буд, 5 миллиону 669 ҳазору 372 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумита ва мақомоти маҳаллии он ворид гардид, ки нисбат ба соли 2023-юм 526524 сомонӣ зиёд мебошад.

Соли 2024-ум 1598 гектар замини обӣ ба гардиши кишоварзӣ  ворид гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 19718 гектар замини партов  ва 4923 гектар замини аз гардиши кишварзӣ берунмонда мавҷуд аст.

Д. АБДУЛЛО,

«Садои мардум»