Дар нимсолаи аввали соли равон дар муассисаҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин дигар муассисаҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 36 ҳазору 641 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб гардиданд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода 26 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ёдовар шуд, ки дар доираи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2022» дар муассисаҳои таълими касбии калонсолон 11365 нафар, ба роҳи худмаблағгузорӣ 5595 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, тавассути «Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия» малакаи касбии 5 ҳазору 144 нафар шаҳрванд бо шаҳодатномаҳо тасдиқ шуд. Шаҳодатномаҳои хатми муассисаҳои таълими касбии калонсолон дар мамолики хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон ва кишварҳои аврупоӣ низ эътибор доранд.
- Тайи шаш моҳи аввали соли равон 322068 шаҳрванди кишварамон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба зиёд мебошад. Қариб 90 дарсади онҳо Федератсияи Россия, 5 дарсад Қазоқистон ва боқимонда дигар кишварҳоро интихоб карданд,- гуфт Ширин Амонзода.
Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, байни Муассисаи давлатии «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» ва ширкати «Pro Force»- и Британияи Кабир бо мақсади интиқоли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кори мавсимӣ дар гармхонаҳои Британияи Кабир шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. То имрӯз 126 нафар ба ин кишвар сафарбар гардида, 200 нафари дигар интизори гирифтани раводид мебошанд.
Дар нишаст зикр гардид, ки музди миёнаи меҳнат то 1 июни соли равон 1647,3 сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 154,8 сомонӣ (10,4 дарсад) зиёд аст.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»