Аз нишастҳои матбуотӣ

13447 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар як сол

№20 (4760) 12.02.2024

4- Соли 2023 ҳамагӣ 13447 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва 10080 ҳолати қонуншиканӣ сари вақт бартараф карда шуда, 901 мавод барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба прокуратура ирсол гардид,- изҳор дошт раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода 8-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфти ӯ, соли 2023 майдони 2421 гектар замини лалмӣ ва 3243 гектар замини обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид, ки аз ҳисоби заминҳои партов 234 гектар, чарогоҳ 1867 ва заминҳои ғайрикишоварзӣ 320 гектарро ташкил медиҳад.

Аз майдони умумӣ 1407 гектар тибқи «Барномаи азхудкунии марҳилаи сеюми водии Данғара» ва 117 гектар дар мавзеи Ҳоити ноҳияи Рашт аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ аз худ гардид. Соли 2023 корхонаю муассисаҳои кумита ба маблағи 150,5 миллион сомонӣ корҳои топографию геодезӣ, харитасозӣ ва бақайдгирии молумулки ғайриманқулро иҷро намудаанд, ки аз он ба буҷети давлатӣ 46,8 миллион сомонӣ андоз пардохт гардид.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

«Садои мардум»