Аз нишастҳои матбуотӣ

135 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузашт

№ 06.02.2023

DSC_3265- Соли 2022-юм 135 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаи қонунҳои намунавӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуд. Марказ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, барои аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудан, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи қонунҳо ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда 623 таклиф манзур намуд, — зикр кард директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода дуюми феврали соли 2023 зимни нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфти ӯ, гузаронидани таҳқиқоти илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ яке аз вазифаҳои асосии марказ ба ҳисоб меравад. Дар давраи зикршуда аз ҷониби кормандони марказ 130 мақолаи илмӣ, илмӣ — оммавӣ ва оммавӣ таҳия ва нашр гардид. Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва фаҳмондани муқаррароти асосии қонунгузорӣ аз ҷониби кормандони марказ 185 мулоқоту суханронӣ тавассути воситаҳои ахбори омма доир гардид. Таҳияи тавсияҳо дар бораи истифодаи натиҷаи таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва татбиқи амалии онҳо вазифаи дигари марказ мебошад.

Иттилоъ гирифтем, ки кормандони марказ дар 89 конференсияи байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва форумҳо иштироку суханронӣ кардаанд.

Мафтунаи Ҳисорӣ,

«Садои мардум»