Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи муқтадири идеологии давлат фаъолияти худро дар сатҳи ҷавобгӯи талабот ба роҳ мондааст. Дар ин хусус раиси кумитаи мазкур Нуриддин Саид Нуриддин дар нишасти матбуотие, ки 5 феврали соли равон баргузор гардид, изҳори назар кард.
Аз идомаи суҳбати раиси кумита мушаххас гашт, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 ташкилоти телевизиониву радиоӣ ва студияҳои истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 13 ададаш телевизиони давлатӣ, 10 радиои давлатӣ, 20 телевизиони хусусӣ, 13 телевизиони ноқилӣ, телевизиони IP ва 13 студияи истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ мебошанд.
Бо мақсади васеъ намудани фарогирии аҳолии ВМКБ бо барномаҳои телевизиону радиои марказӣ ва маҳаллӣ дар маркази ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Дарвоз, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб фиристандаҳои рақамӣ насб карда шудаанд. Дар натиҷа, фоизи фарогирӣ бо пахши рақамӣ дар вилоят аз 18,4 фоиз ба 43 фоиз расидааст.
Ғайр аз ин, дар деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара, ноҳияҳои Спитамен, Лахш, Темурмалик ва Ёвон фиристандаҳои рақамии гуногунқудрат насб гардидаанд, ки дар ин замина фоизи фарогирӣ дар ҷумҳурӣ ба 65,8 фоиз расидааст. Инчунин, ҷиҳати беҳтар намудани фарогирии аҳолӣ бо мавҷи радио дар мавҷи FM дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Исфара, Зафаробод, Рӯшон ва Дарвоз фиристандаҳои радиоӣ насб карда шудаанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019 «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» тасдиқ гардидааст, ки ба рушди соҳаи телевизион ва радио, мусоидат менамояд. Барномаи мазкур дар муддати панҷ сол амалӣ ва тибқи нақша 136 фиристандаи рақамӣ дастрас ва насб мешавад.
Зикр гардид, ки соли гузашта ба 183 корманди ВАО, аз ҷумла, ба 133 намояндаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиои ҷумҳурӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» шаҳодатнома супорида шуд.
ВОРИС, «Садои мардум»