Аз нишастҳои матбуотӣ

14 корхонаи саноатии муфлисшуда ба фаъолият оғоз намуд

№ 11.08.2023

   IMG_8290-2048x1286-Фаъолияти мунтазами истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар ғанӣ гардонидани сабади буҷети маҳаллӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаро мебозад. Дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳияи Ёвон ба як миллираду 461 миллиону 910,3 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 814 миллиону 468,4 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 647 миллиону 441,9 ҳазор сомонӣ баробар гардид, — иброз дошт раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ 10-уми августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ.

Номбурда афзуд, ки ба ифтихори солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» дар нимсолаи якуми соли 2023 бо ташаббуси соҳибкорони ватанию маҳаллӣ 14 корхонаи саноатии ноҳия, ки бо сабабҳои гуногун аз фаъолият бозмонда буданд, аз нав ба фаъолият оғоз намуда, даҳҳо нафар сокини ноҳияро  бо ҷойи кори доимӣ тамин гардид. Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ 4 корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти гуногун ба истифода дода шуд.

Маълум гардид, ки нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия 97,5 фоиз ва даромади андозҳои буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 97,4 фоиз таъмин гардид. Шабакаҳои барқ ва тақсимоти барқи ноҳия дар ин давра 303,13 миллион кВт/с неруи барқ қабул карда, аз ин 218,93 миллион кВт/барқи фоиданок буда, 27,77 фоизи онро талафот ташкил медиҳад. Маблағи ҳисобшуда 102 миллиону 790,4 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз аҳолӣ 13 миллиону 232,4 ҳазор сомониро ташкил дода, то имрӯз 12 миллиону 556,9 ҳазор сомонӣ ё 94,9 фоизи он ҷамъоварӣ шудааст.

Зикр шуд, ки бо мақсади истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бунёди 498 иншооти гуногун, аз қабили корхонаҳои саноатӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, хизматрасонӣ, коммуналӣ, роҳдорӣ ва биноҳои истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра 73 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар даҳҳо иншооти дигари таъиноти гуногуни хоҷагии халқи ноҳия корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»