Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳакимбек Абдуалимзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 4-уми августи соли 2023 баргузор гардид, гуфт, ки дар нимсолаи якум корҳои назаррас анҷом пазируфт. Аз ҷумла, бори нахуст ҳимояи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи доктори илмҳои иқтисодӣ дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA – 014 назди донишгоҳ баргузор гардид.
Дар соли таҳсили сипаришуда 25 нафар рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ намуда, 1446 маводи илмӣ – таълимӣ нашр гардид. Аз ин теъдод 12 мақола дар нашрияҳои байналмилалии SCOPUS, 365 мақола дар маҷаллаҳои феҳристи KOA-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 695 мақола, 246 фишурда маҷмӯаи конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ чоп шуд. Ба ғайр аз ин, 14 китоби дарсӣ, 25 васоити таълимӣ ва 45 дастури методӣ таҳия шуд.
11 устоди донишгоҳ бо «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», 1 нафар «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» гардида, 7 нафар бо «Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 2 нафар бо «Ифтихорномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд.
Барои тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соли таҳсили сипаришуда донишгоҳ бо 12 муассисаи олии касбии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба кишварҳои Олмон, Латвия, Ҳиндустон, Туркия, Эрон, Россия ва Ӯзбекистон сафарбар гаштанд.
Айни замон дар донишгоҳ 6 факултет, 19 кафедраи тахасусӣ ва 8 кафедраи умумидонишгоҳӣ фаъолият намуда, мутахассисони соҳаи молия, иқтисод, техналогияи инноватсионию коммуникатсионро омода менамояд.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»