Аз нишастҳои матбуотӣ

150 миллион сомонӣ зарар барқарор гардид

№28 (4611) 22.02.2023

Пракуратура 13- Прокуратураи генералӣ соли 2022 вобаста ба риоя ва иҷрои қонунгузории мамлакат 6514 санҷиш гузаронида, бо натиҷаи онҳо 43 ҳазору 158 санади эътиноии прокурорӣ, аз ҷумла 20 ҳазору 142 амр, 9311 пешниҳод ва санадҳои ғайриқонунӣ, 13 ҳазору 705 этироз оварда, 54 ҳазору 270 қарор оид ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ бароварда, 3897 парвандаи ҷиноятӣ кушодааст, — дар ин хусус 17-уми феврали соли равон прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ки дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 995,8 миллион сомонӣ зарар барқарор карда шуд, ки аз он 364,4 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ворид гардид. Инчунин, 16 ҳазору 32 гектар замини ғайриқонунӣ тақсим ва худсарона ишғолгардида ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Ба 23 ҳазор парвандаҳои ҷиноятӣ назорати прокурорӣ таъмин шуда, муфаттишони прокуратура тафтиши 4250 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, 150 миллион сомонӣ зарарро барқарор карданд.

Бо натиҷаи баррасии масъалаҳо ба раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ ҷиҳати таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, волоияти қонун, таҳкими қонуният, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пурзӯр кардани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бартараф кардани камбудию норасоиҳо супоришҳои дахлдор дода шуданд.

Соли сипаригардида аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии саривақтӣ, холисонаи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, барқарорсозии ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дошта, аз ҷониби прокурори генералӣ 960 муроҷиат тавассути телефони боварӣ, 100 муроҷиат тариқи интернет — қабулгоҳи Прокуратураи генералӣ ва 140 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул ва чораҷӯӣ шуд.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

 «Садои мардум»