Аз нишастҳои матбуотӣ

1523 арзу шикояти шаҳрвандон санҷида шуд

№№ 97 (4517) 05.08.2022

9Вобаста ба масъалаи зӯроварӣ дар оила аз ҷониби масъулини Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 1523 арзу шикояти шаҳрвандон санҷида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нуҳ адад кам аст, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода.

 Ба марказҳои иттилоотию машваратии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шикояти 4059 шаҳрванд, аз ҷумла 910 муроҷиат аз оилаҳои муҳоҷир, ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 2813 нафарро занон ва 1246 нафарро мардон ташкил доданд. Муҳтавои муроҷиати 478 шаҳрванд вобаста ба масъалаҳои хушунат дар оила, 3011 нафар оид ба бастани ақди никоҳ дар САҲШ, 757 — бекор кардани ақди никоҳ, 366 — набудани ҷои кор, 21 нафар муқаррар кардани падарӣ ва дигар масъалаҳо мебошанд.

Кумита бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иқтисодии оилаҳо, рушди соҳибкории занон, дастрасии бонувон ба қарзҳои бонкӣ ва грантҳои президентӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Соли равон аз 236 лоиҳаи пешниҳодгардидаи занону бонувони ҳунарманд ва соҳибкорзанон 80 лоиҳаи мақсаднок ба маблағи 2 млн. 500 ҳазор сомонӣ аз ҷониби комиссияи грантӣ мавриди дастгирӣ қарор гирифтанд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»