Аз нишастҳои матбуотӣ

16 муассисаи нави касбӣ бунёд мегардад

№23 (4919) 19.02.2025

6Айни замон дар ҷумҳурӣ 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият ­дошта, соли таҳсили 2024-2025 дар онҳо 16 ҳазору 453 хонанда қабул ва дар умум, 23 ҳазору 500 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 6 филиал фаъолият менамояд, ки дар онҳо аз рӯйи 10 самт ва 209 ихтисос мутахассис омода карда мешаванд. Дар муассисаҳои мазкур ихтисосҳое таълим дода мешавад, ки имрӯз бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар ба онҳо эҳтиёҷ доранд.

Дар ин бора раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

- Тибқи «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» шаҳрвандон барои таҳсил ва ҳунаромӯзӣ баъд аз хатми синфи 9 қабул карда мешаванд ва тамоми қишрҳои ҷомеа, новобаста аз синну сол, метавонанд дар муассисаҳои кумита касб омӯзанд, — афзуд номбурда. — Айни замон дар 16 шаҳру ноҳия­ҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Кӯшониён, Норак, Варзоб, Мурғоб, Ишкошим, Роштқалъа, Ванҷ, Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик, литсей ва коллеҷҳо вуҷуд надоранд. Нақша дорем дар ин шаҳру ноҳияҳо чунин муассисаҳоро бунёд намоем.

М. ЗОКИР,

«Садои мардум»