- Дар нимсолаи якуми соли равон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1132 муроҷиат — 250 муроҷиати хаттӣ ва 882 шифоҳӣ ба қайд гирифта шуд, — гуфт Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода зимни нишасти матбуотӣ, ки 16 июли соли 2020 баргузор гардид.
Аз муроҷиатҳои дар Дастгоҳи марказии Ваколатдор баррасишуда 16 адад ё 5,6 фоиз муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таври мусбат ҳал гардиданд. Мавзӯъҳои асосии 282 муроҷиати хаттии воридгардида ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — муҳокимаи одилонаи судӣ (17 адад), аз ҷумла, норозигӣ нисбат ба санадҳои судӣ, кашолкорӣ дар баррасии парвандаҳо, мусоидат барои баррасии одилонаи парвандаҳо ва ғайра, ҳуқуқ ба манзил (22 адад), маскун намудан ба манзил, ҷудо кардани ҳисса аз манзили истиқоматӣ, бартараф намудани монеа дар истифодаи манзил, аз худ кардани манзили истиқоматӣ аз ҷониби шахси дигар бо роҳи қаллобию сохтакорӣ, узви оилаи молик эътироф намудан, бекор кардани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ ва ғайра мутааллиқ мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ се намояндагӣ ва се қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият доранд, ки дар онҳо 9 нафар мутахассис кор мекунанд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»