Аз нишастҳои матбуотӣ

168,28 миллион сомонӣ ҳаққи обрасонӣ пардохт нашудааст

№ 27.07.2022

Холмурод Рахмон- Айни замон дар ҷумҳурӣ 359 ассосиатсияи истифодабарандагони об фаъолият менамоянд, ки 404, 3 ҳазор гектар ё ин ки 53 дарсади заминҳои обёришавандаи ҷумҳуриро бо об таъмин мекунанд. Бо мақсади бо оби полезӣ таъмин намудани обистифодабарандагон дар мавсими ҷорӣ аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо бо 62 ҳазору 540 истифодабарандагони об шартнома ба имзо расид. Ба ҳисоби миёна ба як гектар замин дар ҷумҳурӣ 3,7 ҳазор метри мукааб об расонида шудааст. Аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 28, 5 миллион сомонӣ пардохт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1, 58 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон дар нишасти матбуотӣ 25 июли соли 2022.

Номбурда қайд намуд, ки то 1 июли соли ҷорӣ дар асоси дархости истифодабарандагони об ба онҳо дар ҳаҷми 2073, 1 миллион метри мукааб бо арзиши 39, 69 миллион сомонӣ об расонида шуд.

Бо вуҷуди он ки идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ уҳдадориҳои шартномавиро дар назди истифодабарандагон иҷро карда бошанд ҳам, вале обистифодабарандагон, хусусан, хоҷагиҳои кишоварзӣ, ҳаққи обрасониро сари вақт пардохт намекунанд. Бинобар ин, қарздорӣ аз ин ҳисоб афзуда, 168,28 миллион сомониро ташкил менамояд. Бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз дар давраи мавриди назар ба Суди Олии иқтисодӣ ва мақомоти прокуратура аризаҳои даъвоӣ пешниҳод гардида, 9 миллион сомонӣ рӯёнида шуд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ бо истифодаи 7,7 миллион кВт/соат неруи барқ дар як шабонарӯз 419 дастгоҳи обкашӣ ва 59 чоҳи амудӣ фаъолият доранд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»