Соли 2024 тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷониби роҳбарият ва кормандони мақомот 56 санҷишу мониторинг ва 20 боздид гузаронида, дар сохторҳои минтақавӣ дар 18 мурофиаи судӣ, 157 мизи мудаввар ва тренингу семинарҳо иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, намояндагиҳои мақомот дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 153 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронидаанд, ки дар онҳо зиёда аз панҷ ҳазор нафар иштирок доштанд.
- Соли 2024 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1730 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 282 муроҷиати хаттӣ, 1429 муроҷиати шифоҳӣ, 12 муроҷиати электронӣ ва 7 муроҷиати телефонӣ мебошанд. Дар давраи зикршуда дар намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1212 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки 118 муроҷиат хаттӣ ва 1094 муроҷиат шифоҳӣ буда, 71 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мусбат ҳал гардид,- иброз намуд ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода 27 январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шарҳ дод, ки муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон тибқи таснифот бештар ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла ҳуқуқ ба мурофиаи одилонаи судӣ -24, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ -38, ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ, ғамхории волидайн ва дар оила тарбия гирифтан, алимент, таъминоти иҷтимоӣ -23, ҳуқуқ ба муроҷиат -15, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ ва озод будан аз ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ- 15, ҳуқуқ ба манзил -9 ва ҳуқуқ ба саломатӣ 5 адад рабт доранд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»