Аз нишастҳои матбуотӣ

177 ҳолат ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ нест

№ 17.02.2023

Аген ХИЗ ДАВ (3)Соли 2022 аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи қонунгузории хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2008 таҳти № 578 тасдиқ карда шудааст, рафти иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар ҷамоатҳо, шаҳраку деҳот ва ноҳияҳои кишвар мавриди омӯзиш қарор дода шуд, — иброз намуд директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов 13-уми феврали соли 2023 зимни нишасти матбуотӣ.

Номбурда таъкид кард, ки ҳангоми санҷишҳо ҳолатҳои риоя нашудани талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ зимни татбиқи технологияҳои кадрӣ, аз ҷумла ҳангоми интихоби ҳайати роҳбарикунандаи ҷамоатҳо, таҳия, тасдиқ ва истифодаи дастурамалҳои мансабӣ, риояи талаботи тахассусӣ ва кодекси одоби хизматчии давлатӣ, пешбурди парвандаҳои шахсии хизматчиёни давлатӣ ҷой доранд. Ҳолатҳои қабули хизматчиёни давлатӣ бе баргузории озмун мушоҳида карда мешавад. Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда 177 ҳолат ба талаботи тахассусӣ аз рӯи ихтисос, сатҳи таҳсилот ва собиқа ҷавобгӯ намебошанд. Дар маҷмӯъ, аз натиҷаи таҳлили вазъи иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ санадҳои санҷиш ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои дахлдор ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ирсол гардид.

Р. ҲАБИБОВ,

 «Садои мардум»