-Дар нимсолаи якуми соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 11 миллиарду 923,3 миллион сомонӣ расидааст, ки суръати афзоиш нисбат ба як соли пеш 112,5 дарсадро ташкил медиҳад. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 56,6 дарсад ба саноати коркард, 23,8 — электроэнергетика ва 19,6 дарсад ба саноати истихроҷ рост меояд, — изҳор дошт вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода 30 июл зимни нишасти матбуотӣ.
Бино ба гуфти ӯ, дар давраи зикршуда маҳсулоти нави саноатӣ, аз қабили лак, хокаи санг, қолаби зарфҳои пластикӣ, фаршҳои резинӣ, сангчаҳои резинӣ, панҷараи зина аз мармар ва сангҳои ороишӣ барои фасади бино истеҳсол шудаст. Дар ин давра ба маблағи 4 миллиарду 478,6 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар содир гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 дарсад зиёд мебошад.
Инчунин зикр гардид, ки дар шаш моҳи аввали соли 2019-ум 146 корхона ва коргоҳи нав бо 1864 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд ва шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ 2136 ададро ташкил дод. Дар ин давра барои ташкили истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизот ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат 219,8 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар давоми шаш моҳ 181 корхона ва коргоҳи саноатӣ аз фаъолият мондааст. Сабабҳои фаъолият накардани корхонаҳоро масъулин ба таъсири омилҳои берунӣ, нарасидани ашёи хому маблағ, тамдид нашудани муҳлати иҷозатнома, мавсимӣ будани фаъолият, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, рақобат карда натавонистан, иваз намудани самти фаъолияту баҳсҳои амволӣ ва бе омӯзиши бозори дохиливу хориҷӣ, бе хулосаи мутахассисон таъсис додани корхонаву коргоҳ нисбат доданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»